Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Қаиқронӣ анъанаи чемпионҳо идома дорад


Қаиқронӣ анъанаи чемпионҳо идома дорад



Солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ноҳияи Вахш гурӯҳи калони қаиқронон дар канали магистралии Вахш, ки неругоҳҳои Шар-Шара ва Марказиро бо об таъмин менамуданд, машқ мекарданд. Маркази тайёр кардани кадрҳои қаиқронӣ дар Тоҷикистон ноҳияи Вахш ҳисоб меёфт.

Қаиқронони номии ноҳия Николай Суравитский, Михаил ва Юрий Лобановҳо, Баҳром Хоҷаев шарафи варзиши ноҳияро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баланд мебардоштанд. Ба онҳо унвони баланди “Чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ аз намуди қаиқронӣ” дода буданд.

Рӯйхати унвондорон дар соҳаи варзиши ноҳия зиёданд. Варзишгарон Қурбоналӣ Назаров, Абдулманон Шоев, Абдусаттор Исмоилов, Асомуддин Раҷабов унвони Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравиро барои натиҷаҳои беҳтарин дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ сазовор гашта буданд.

Шараф ва боиси ифтихор аст, ки яке аз қаиқронҳои соҳибтаҷрибаи ноҳия Маҳмадшариф Шарифов пай дар пай дар мусобиқаҳо маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ҳашт маротиба чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ гардид. Мурод Хоҷаев, Маҳмадназар Ҷобиров унвони Корманди шоистаи варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони “Қаҳрамони шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои ба натиҷаҳои намоён соҳиб шудан дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ноил гардидаанд. Ҳамзамон, варзишгар Саймурод Одинаев ба гирифтани унвони олии Устоди байналмилалии варзиш оид ба қайиқронӣ сазовор гардид.

Имрӯзҳо таҳти роҳбарии мураббӣ, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ Маҳмадшариф Шарифов 14 нафар варзишгарон дар канали магистралии Вахш пайваста машқ намуда, ба мусобиқаҳо омодагӣ мебинанд. Моҳи августи соли равон дар вилояти Суғд мусобиқа аз рӯи намуди қаиқронӣ барпо мегардад, ки варзишгарон ба он омодагии ҷиддӣ дида истодаанд. Барои қаиқронони ноҳия қариб ҳар сол соли комёбӣ ва дастовардҳои варзишӣ мебошад. Соли 2021 М. Шарипов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал дар муҳорибаи якнафара дар қаиқронӣ гашт. Намояндаи дигари команда И. Каримов ба гирифтани ҷойи дуюм ноил шуда, сазовори медали нуқра гардид.

Ҷойи сеюм насиби қаиқрони ҷавону бомаҳорат Шоҳрух Зилистов шуда, ӯ сазовори медали биринҷӣ гардид. Маҳмадшариф Шарифов ва Фирӯз Неъматов, чемпиони чандинкаратаи мамлакат, дастаро ба мусобиқаҳои оянда омода карда, маҳорати онҳоро сайқал медиҳанд.

Саҳифаҳои китоби таърихи қаиқронии ноҳияи Вахшро варақ мезанем. Инҳо Устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз ноҳияи Вахш Асомуддин Раҷабов, Қурбоналӣ Назаров, Абдулманнон Шоев, Абдусаттор Исмоилов, Мурод Хоҷаев, Баҳром Хоҷаев, Николай Суравитский, Михаил ва Юрий Лобановҳо мебошанд. Воқеан Фирӯз Неъматов низ чор маротиба Чемпиони Тоҷикистон оид ба намуди қаиқронӣ гардидааст.

Маҳмадшариф Шарифов, чемпиони ҳашткаратаи кишвар мегӯяд: «Қаиқронони дастаи мо аз соли 1997 инҷониб ҳашт маротиба дар чемпионати кишвар оид ба қаиқронӣ иштирок карда, ғолиб омаданд. Мо ба мусобиқаҳои оянда тайёрии мукаммал дидаем. Ба боварии комил гуфта метавонем, ки тими қаиқронии ноҳияи Вахш дар мусобиқаҳои гуногун иштирок карда, ғолибиятро аз даст намедиҳанд. Анъанаи чемпионҳои байналмилалӣ Николай Суравитский, Михаил ва Юрий Лобанов ва дигаронро давом дода, шуҳрати варзиши тоҷикро дар соҳаи қаиқронӣ дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорем».

Б. Сайдалиев , «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода