ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 92 хатмкардаи ДЭТ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуданд


92 хатмкардаи ДЭТ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуданд



Диловар Исозода, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба иттилои рӯзноманигорон расонид, ки дар соли таҳсили 2021-2022 ҳамагӣ 480 нафар хатмкунандагони дараҷаҳои бакалавр, мутахассис ва магистр донишкадаро хатм намуданд.

Аз теъдоди умумии хатмкунандагон 92 нафарашон пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, ҳимояи рисолаи хатм ва имтиҳонҳои давлатӣ дар кафедраи ҳарбӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардиданд. Бояд ёдовар шуд, ки дар ин давра 24 таҷҳизоти озмоишӣ аз ҳисоби маблағҳои барномаи грантӣ “Беҳтаркунии сифати таҳсилоти хатмкунандагони ихтисоси 1-700401-03- Сохтмон ва истифодабарии НБО” ба муассиса дастрас карда шудааст.

Ҳамзамон Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо донишгоҳи шаҳри Костромаи Россия шартнома дошта,4 нафар донишҷӯйи курси сеюми донишкада бозомӯзии таълимиро дар Академияи хоҷагии инҷо гузаронида истодаанд.

Ф. Баротова, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода