Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Мактабҳои русӣ 1 сентябр ба кор медароянд


Мактабҳои русӣ 1 сентябр ба кор медароянд



1 сентябри соли равон, дар Рӯзи дониш дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ, ки бо маблағгузории Федератсияи Россия бунёд шудаанд, ба истифода дода мешаванд.

Ба иттилои вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Турсунзода сохта шудаанд, ки тибқи шартнома, онҳо бояд то 1 август барои қабули хонандагон пурра омода шаванд. Қабули ҳуҷҷатҳо барои синфҳои 1-8 дар ин муассисаҳо аз 1 август шурӯъ гардида, дарсҳо якуми сентябр оғоз мегарданд.

http://khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода