Сардори Раёсати фарҳанги вилоят кӣ шуд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 669
![]()
Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги кишвар рӯзи 20 июл Рамазон Насриддинзода ба вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъйин гардид.
Рамазон Насриддинзода то ҳол мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд. Сардори навтаъйини Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон 40 сол дошта, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аст. Дар гузашта дар мақомҳои мудири бахши ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, сармуҳаррири “Телевизиони Кӯлоб”, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб фаъолият кардааст.
Р. Насриддинзода дар мақоми сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ҳунарпешаи марҳум Аловуддин Абдуллоевро иваз кард. Маврид ба зикр аст, ки Аловуддин Абдуллоев, ҳаҷвнигори маъруф, ҳунарманди театр ва синамо, моҳи феврали соли равон бар асари сактаи қалбӣ дар синни 56-солагӣ даргузашт.
http://khatlon-ruznoma.tj
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00