Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БТ: 95%-и муштариён бо СМС-паёмак пайвастанд


БТ: 95%-и муштариён бо СМС-паёмак пайвастанд



Имрӯз, дар нишасти матбуотӣ Темур Табаров, роҳбари Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки дар нимсолаи 1-уми соли ҷорӣ аз системаи энергетикӣ ба миқдори 689 413 362 кВт.соат нерӯи барқ қабул карда шуда, ба истеъмолкунандагон ба миқдори 431 975 225 кВт.соат нерӯи барқ расонида шудааст. Талафоти умумӣ бошад, 238 288 379 кВт.соатро ташкил додааст, ки ин баробар ба 34,6% аст. 

Дар идомаи нишаст афзуд, ки иҷроиши нақшаи ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда дар филиал ба маблағи 91 537 709,85 сомонӣ, ки  78,8%-и нақшаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 8 748 916,61 сомонӣ, ё ин ки фоизан 1,17% зиёд мебошад.

Дар ин муддат аз 185 128 муштарӣ 173 509 муштарӣ гардиш карда шудааст, ки 94%-ро ташкил дод, аз 185 128 муштарии фаъолбуда 175 872 муштарӣ бо СМС-паёмак пайваст карда шудааст, ки 95%-ро ташкил медиҳад”.

Қайд гардид, ки фонди таъмирӣ дар нимсолаи соли ҷорӣ 2 591,3 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки 106,6%-и  нақшаро ташкил мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 958,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Яке аз мушкили ҷиддӣ ин қонунвайронкунӣ аз тарафи сонинон ҳангоми истифодабарии нерӯи барқ мебошад. Темур Табаров, роҳбари Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки “Шумораи санадҳои қоидавайронкунӣ дар ин давра 3 122 ададро ташкил дода, ба маблағи 3 474 988,96 сомонӣ ҳисобӣ шудааст ва аз ин 1 450 525,79 сомонӣ пардохт гардидааст, ки 41,7%-и маблағи ҳисобишударо дар бар мегирад, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бошад 1 060 адад кам мебошад ва бо ҳисоби маблағ 1 055 268,14 сомонӣ зиёд мебошад. 10108 адад ҳисобкунакҳои барқӣ аз дохили хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои баландошёна бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 658 адад зиёд мебошад.

Мувофиқи санад-дастури хадамоти давлатии энергетикии минтақаи Кӯлоб 405 адад камбудиҳои ошкоршуда 342 адад камбудиҳо ислоҳ карда шуда, 63 банд камбудиҳои ошкоршуда иҷро нашуданд, муҳлат доранд дар ҳолати таъмин шудани бо маводҳои лозима иҷро карда мешаванд”.

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,
хабарнигори минтақавии "Хатлон" дар шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода