КОРМАНДОНИ СОХТОР- ОБОДГАРОНИ ДИЁР
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 16 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният, Боздид 1 161
Шукри Истиқлолияти давлатии ватан, шук-ри сулҳу ваҳдат, шукронаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз дар саросари ҷаҳон ба мактаби сулҳофарӣ табдил ёфтааст. Онро чун эҳёгари расму оин ва ташаббускор оид ба ҳифзи муҳити зист, бахусус ҷиҳати эҳтироми гузаштагон ва истифодаи босамари оби тозаву дигар пешниҳодҳо, ки барои зиндагии осоиштаи инсонҳо равона гардидааст, хуб мешиносанд ва арҷ мегузоранд. Ватани азизамон аз баракату талошҳои рӯзафзуни Пешвои миллат ҳамсони биҳишт гаштаву сокинони меҳану меҳмонони аз дуру наздикомада мехоҳанд батакрор аз ин сарзамини сабзу хуррам, мавзеъҳои дилфиребу дилписанди он дидан намоянд.
Бале, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат-ро хурду бузург ва тоҷирону соҳибкорон, ҳатто тоҷикони бурунмарзиву дӯстдорони ин марзу бум ҷонибдорӣ намуда, барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми худро гузошта истодаанд. Сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ имрӯзҳо дар ободиву сабзу зебо гардонидани маркази ноҳияву маҳаллаҳо, барои боз ҳам дилрабо гардонидани воҳа дарахтони мевадору ороишӣ ва сояафкан шинонида, дар кори ба тартиб даровардани хиё-бону гулгашт, кӯчаву паскӯчаҳо заҳмат кашида истодаанд.
Дар ҷараёни ободкориҳо тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан кормандони ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, мақомоти прокуратура саҳми босазо мегузоранд. Бо сарварии прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қурбонзода Зафар Бозор, мушовири адлия, дараҷаи 1 дар баробари назорати иҷрои қонунҳо дар паҳлуи мардуми заҳматкаши ноҳия истода, барои боз ҳам зебою дилрабо гаштани симои ноҳия саҳми муносиб мегузоранд. Бо ташаббуси Қурбонзода Зафар имрӯз саҳни бинои прокуратура бо ниҳолҳои ороишӣ, гулу гулбуттаҳо ба таври назаррас ҷилвагар аст. Ҳамчунин, кормандони ин сохтор дар ҳашарҳои умумӣ фаъолона иштирок намуда, дар тозаву озода намудани марзу буми як гӯшаи кишвари Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҳайдаралӣ Ҳикматов
-
16-01-2021, 08:00