Афсонаи роҳ аз файзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ ба ҳақиқат таб дил ёфт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 895
Дар доираи омодагиҳо ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳидояту дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва иқдоми неки сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” кормандони рӯзнома ба вилояти Суғд сафари эҷодӣ доштанд.
ҳар як суҳбату мулоқоти худ бо рӯзноманигорон аз анъанаҳои неки даврони Шӯравӣ-ташкилу гузаронидани мусобиқаи сотсиалистии байнивилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ буд, ёдовар мешуданд.
Дар ҳайати он шахсиятҳои шинохтаи меҳнат, пешқадамони истеҳсолот шомил буданд. Онҳо зуд-зуд меҳмони якдигар шуда, рафти иҷрои мусобиқаи байниҳамдигариро месанҷиданд, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба ҳамкасбон маслиҳат медоданд, аз онҳо низ маслиҳату таҷриба меомӯхтанд. Чунин анъанаи некро, ки ба фаъолияти якдигар судманд аст ва дӯстию рафоқатро қавӣ мегардонад, имрӯз бояд идома дод. Намояндагони Васоити ахбори оммаи вилояти Хатлон низ метавонанд ба вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар назди ҳамкасбони худ сафарҳои эҷодӣ дошта бошанд, барои пешравии кор маслиҳат диҳанду ҳамзамон таҷриба омӯзанд, фаъолияти меҳнатӣ ва зиндагии мардум, дӯстию ваҳдату якдигарфаҳмӣ, рушди минтақаҳоро инъикос намоянд. Яъне бо қалами созандаи худ пуле созанд, байни мардуми сулҳхоҳу меҳнатқарини Тоҷикистони азиз.
Чунин рӯзҳои нек фаро расид ва аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” ба вилояти Суғд сафари эҷодиро анҷом доданд. Рӯзноманигорон аз ин сафар таассуроти зиёде бардошта, дидаю шунидаҳои хешро ба қалам доданд.
...Роҳҳо! Роҳҳо пайвандгари қалбҳоянд. Вақте ки нақлиёти мусофирбари мо ба роҳ баромад, таассуроти мо низ оғоз ёфт. Роҳҳои пурпечутоби асфалтпӯшу қалби кӯҳҳои сар ба фалакрасидаро убур карда, моро ба сӯи мақсуд мебурд. Манзараҳои ду тарафи роҳ тасхиркунанда буд. Ҷойе қитъаҳои сабзу хуррам, ҷойи дигар кӯҳпораҳои аз сангу хокҳои рангибаранг пайдошуда, ки бонуҳои пероҳани чакан ва атласу адраспӯши тоҷикро мемонданд, чашми бинандаро мерабуд. Дар пастхамиҳо ҳанӯз барфи обнашуда боқист ва зери он чашмаҳои об ба амал омада, ба пастиҳо ҷорист. Боду ҳавои салқину боронӣ ҳаловатбахш аст.
Ба ин роҳ менигараму беихтиёр афсонаи бобоёну падарон ёдам меоянд. Дар даврони Шӯравӣ аз пойтахт то Хуҷанди бостонӣ дастӣ, бо зоғнӯл ва ҷое бо техникаи ҳамон давра дар қалби кӯҳҳои касногузар роҳ сохтаанд. Онро афсона унвон мекарданд. Оре, ин роҳ дар давру замони худ афсонаро мемонд. Роҳ тангу хатарбор ва ба ҳаракати нақлиёт ноқулай буд. Дар фасли зимистон ҳатто ҳаракати нақлиёт қатъ мегардид. Мардум тавассути ҳавопаймо сафар мекарданд.
Акнун, аз он роҳҳои мушкилгузар нишоне ҳам намондааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо иқдомҳои созанда ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд азнавсозӣ шуд. Роҳ васеъ ва асфалтпӯшу бехатар гардид. Дар ҷойҳои хатарноки роҳ якчанд нақбҳо сохта, деворҳои муҳофизатӣ гузоштанд, ки онҳо ҳаракати бехатари нақлиёту мусофиронро таъмин менамоянд. Мардуми сулҳхоҳу меҳнатӣ ва зебоиофар нишонаи шукргузорӣ аз ваҳдати милливу соҳибистиқлолӣ, арҷ гузоштан ба ғамхориҳои Сарвари давлат ин роҳро роҳи орзую умед, роҳи Раҳмонӣ меноманд. Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ин роҳ аз нав обод шуда, қалбҳоро бо ҳам бипайвандад.
Дӯстро дар сафар мешиносанд, гӯянд. Аҳли кормандони рӯзномаи “Хатлон” бо якдигар дӯсту бародару хоҳаранд. Дар фаъолият, шодиву мусибати якдигар низ шариканд. Дар ин сафар комилан ҳис кардаму бо ду чашми сар дидам, ки мо-эҷодкорони рӯзнома дардошно ва дӯсти якдигарем.
Баъзе аз бонуҳо, ки бори нахуст ба роҳи дуру дароз ба сафар баромада буданд, аз ҷониби ҳамкасбон дилбардории зиёдеро диданд. Барои таскини онҳо дар дохили маршрутка зери мусиқию суруд рақсу хушҳолӣ мекарданд. Ин ваҳдати якдигариро дида, болидарӯҳ мешудем ва хастагии роҳро низ ҳис намекардем.
Ронандагони маршрутка Насим ва Баёз низ ҷавонони шӯху хушсухан буданд, бо мо зуд унс гирифтанд. Онҳо дар касбашон таҷрибаи калон доштанд, зуд-зуд дар ин сайрхат рафтуомад карда, ҳар як қисмати роҳ, яъне гардишҳои тангу пасту баландиҳоро хуб аз худ кардаанд ва моро дар ин роҳ роҳбаладӣ менамуданд...
Роҳи умед моро сиҳату саломат ба Хуҷанди бостонӣ расонд ва сафари эҷодии мо, суҳбату мулоқотҳо бо аҳли қалами минтақаи Суғд сурат гирифт...
С. АТТОР , Хатлон-Суғд-Хатлон