Ҳосилнокии ғалла – 41,3 сентнер
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 712
То 17 июни соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон аз майдони 133 ҳазору 769 гектар зироати ғалладонагӣ ҳосили 55 ҳазору 195 гектараш дарав карда шудааст. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ аз ҳар як гектар 39 сентнер буда, дар вилояти Хатлон 41,3 сентнер, вилояти Суғд 30,3 сентнер ва НТҶ 31 сентнерро дар бар мегирад.
Дар асоси маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон майдони кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар ҷумҳурӣ 289 ҳазору 823 гектарро ташкил медиҳад. То 17 июн дар ҷумҳурӣ аз майдони 75 ҳазору 980 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Миқдори ғалладонагии ғуншуда 275 ҳазору 702 тоннаро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи мутахассисон, вилояти Хатлон миёни минтақаҳои мамлакат барои парвариш намудани маҳсулоти ғалладонагӣ, аз қабили гандум созгор мебошад. Инчунин дар ин шабу рӯз ин вилоят дар ҷамъоварии ғалла пешсаф мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 17 июн зимни сафари корӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо дар Хоҷаги деҳқонии «Сангалӣ Гулмурод»-и ноҳияи Данғара шинос шуданд. Пешвои миллат бо ёдоварӣ аз ҳолати дигаргуншавии иқлиму дучанд гаштани талабот ба маводи ғизоӣ дар ҷаҳон кишоварзонро барои таъмини истифодаи самараноки замин ва захира кардани маводи ғизоӣ барои ду соли оянда вазифадор намуданд.
Кишоварзони ноҳия иброз доштаанд, ки ҳосили хуби ғалладонагиро аз ҷорӣ намудани таҷрибаи муосир, коркарди босифати хок бо истифода аз техникаи тибқи таъинот пешбинишуда, интихоби тухмиҳои ба иқлими парвариш мутобиқ, ғизодиҳӣ ва риояи дигар чорабиниҳои дар доираи агратехникаи кишту парвариши зироат пешбинишуда, ба даст овардаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/