Р. Сайдалиева: Дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 935
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон роҷеъ ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъкид намуданд, ки дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Духтури оилавӣ аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Рӯшангул Сайдалиева ин нуқтаро сармашқи кори худ намуда, дар баробари дар беморхона кор кардан, дар замини наздиҳавлигиаш маҳсулоти ниёзи аввалро кишт кардааст.
- Ҳар рӯз баъд аз кор ва дар рӯзҳои истироҳатӣ ҳамроҳи фарзандонам дар замини наздиҳавлигиямон кор мекунем, то дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошам - таъкид дошт зимни суҳбат бо мо Рӯшангул Сайдалиева. – Баъди кишт кардан дар замини наздиҳавлигӣ дигар маҳсулоти ниёзи аввалияро аз бозор намехарему аз дастранҷи худ ҳамарӯза истифода мебарем. Бо он маблағе, ки маҳсулоти ниёзи аввалро харидорӣ мекардем, бар ивази он дар як моҳ ду халта орд харидорӣ менамоем.
Холаи Рӯшангул дар 3 сотих замини наздиҳамлигиаш ба кишти картошкаву помидор, қаланфури булғорӣ, боимҷон, кабудӣ, ҷуворимакка ва лубиё машғул мебошад. Ба гуфтаи ӯ меҳнати ҳалолу меҳрубонона ба замин аст, ки дар як сол то ду-се маротиба ҳосил мегирад.
Ҳарчанд замини наздиҳавлигии ин зан хурд бошад, вале кӯшиш мекунад, ду-се ҳосилро ҷамъоварӣ намояд. Аз заҳмати дастранҷаш барои зимистон аз қабили картошка, консерва, лӯбиё ва дигар намуди донагиҳоро захира менамояд. Умед дорад, ки имсол низ ҳосили хуб ба даст оварда, зимистони дарпешистодаро бе мушкилӣ паси сар мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 18 июни соли ҷорӣ чунин зикр доштанд: “Дар асоси маълумоти СММ дар солҳои 2018-2021 бо сабаби вазъи мураккаби бавуҷудомада, шумораи сокинони сайёра, ки ба норасоии маҳсулоти озуқа дучор мешаванд, 88 фоиз зиёд гардида, 193 миллион нафарро ташкил додааст.
Мувофиқи арзёбии ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии ин созмон вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад”.
Роҷеъ ба ин қаҳрамони мо талош мекунад, ки ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода намуда, дар коҳиш ёфтани таъсири буҳрони озуқаворӣ ҳиссагузор бошад.
Набиҷони Саидаброр, н. Ҳамадонӣ, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...