КӮЛОБ. САРФАИ НЕРУИ БАРҚ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 16 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 952
Бо мақсади истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муштариён идома дорад. Натиҷаи ин тадбирҳо буд, ки новобаста ба сардии ҳаво, давоми 5 рӯзи охир дар шаҳри Кӯлоб беш аз 110 ҳазор кВт-соат неруи барқ сарфа гардидааст.
Инак, ҳафтаи дуюм аст, ки дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳавои сард ҳукмфармост. Дар ин рӯзҳо талабот ба неруи барқ барои гарм кардани хонаҳо афзоиш меёбад ва ба хотири сарфаи неруи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ идома дорад. Ба гуфти кормандони шабакаҳои барқӣ суҳбату вохӯриҳо дар байни аҳолӣ самар дода истодааст.
Гузаронидани ин тадбирҳо дар кам шудани садама дар зеристгоҳҳо ва хатҳои барқӣ низ мусоидат кардааст. Дар сехи таъмири трансформаторӣ кормандон трансформаторҳои эҳтиётиро таъмир карда, дар вақти рух додани садама онҳоро сари вақт иваз намуда, интиқоли барқро ба аҳолӣ барқарор месозанд. Шуъбаи навбатдории шабакаҳои барқӣ бо муштариён 24 соат дар тамос мебошанд. Дар моҳи декаб-ри соли гузашта муштариёни маишӣ 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи барқро пардохт карданд. Кормандони шабакаҳои барқӣ дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин, рейду санҷишҳои муштарак мегузаронанд.
Ш. Сафарзода
-
17-01-2021, 09:05