ФАЪОЛИЯТИ ТАХРИБКОРОНА ВА ЗИДДИМИЛЛИИ ТЭТ ҲНИ ВА ПАЙОМАДҲОИ НОГУВОРИ ОН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 16 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат, Боздид 1 81714-уми январи соли равон дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Фаъолияти тахрибкорона ва зиддимиллии ТЭТ ҲНИ ва пайомадҳои ногувори он” бо иштироки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, олимони макотиби олии мамлакат, роҳбарият ва кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, ходимони дин, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ дар хусуси нақши Пешвои миллат дар баҳамомадани мардуми сарбаланди тоҷик, сулҳу суботи кишвар, рушду пешрафти мамлакат ёдовар гардид. Сипас, дар бораи ташкилоти экстремистию террористӣ эълон шудани ҲНИ аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад. Изҳор дошт, ки хоинон ва душманони давлату миллати тоҷик бо истифода аз роҳҳои гуногун ҷавонон ва дар умум мардум ба гурӯҳҳои террористӣ шомил намуда давлату миллатро ба нестӣ бурданианд. Маҳз ин аст, ки аз тарафи хоҷагони хориҷӣ хоинони миллати тоҷик дастгирӣ меёбанд ва онҳо дар ҳаққи тоҷику тоҷикистонӣ суханони баду буҳтонҳои бардурӯғ мезананд.
Ин ҳамаро ба инобат гирифта, 29 сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати ислом ташкилоти террористӣ - экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд. Гуфта шуд, ки ТЭТ ҲНИ ҳизби хурофотпараст ва тундгаро буда, бо нақша ва ҳадафҳои нопоки худ барои амалӣ намудани чандин ҷинояти махсусан вазнин, вайрон кардани сохти конститутсионӣ, барҳам додани ҳокимияти давлатӣ ва сарнагун намудани ҳукумати қонунӣ, бо пуштибонӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиаш мехост ҳокимиятро ба дасти худ гирад.
Дар конференсия Шоев Зиёвуддин, сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадӣ Шарифзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Дилором Маҳкамова, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзӯъҳои решаҳои ғоявии зуҳуроти экстремизм ва терроризми динӣ ва роҳҳои пешгирии он, пайомадҳои ногувори амалҳои тахрибкоронаи наҳзатиён, ҷиноятҳои мудҳиши собиқ аъзои ҳизби наҳзат дар кишвар дар солҳои 1992-1997 баромад карданд.
Изҳор гардид, ки ҷавонону наврасони тоҷикро зарур аст, бо истифодаи зиракии сиёсӣ кӯшиш кунанд, ки ба фанду фиреби ашхоси номаълум, хусусан аъзоёни ташкилотҳои ифротӣ дода нашаванд. Дар замири хеш ҳамеша муҳаббати ватандориро зинда нигоҳ дошта, дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар ғояҳое, ки ТЭТ ҲНИ талқин мекард, ҷойгоҳи миллат, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ холӣ буд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин раванди пурхатар чунин таъкид доштаанд: “Воқеан, дини мубини ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накукорист. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем. Ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаи солим саъю талош намоем. Хусусан дар шароити торафт тезу тунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва барои амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем”.
Дар қисмати охири конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Фаъолияти тахрибкорона ва зиддимиллии ТЭТ ҲНИ ва пайомадҳои ногувори он” қайд гардид, ки ҳар як фарди бонангу номуси миллатро зарур аст, ки дар мубориза алайҳи хоинон ва гурӯҳҳои ифротӣ бо дарки баланди масъулияти ватандориву хештаншиносӣ ва истифодаи зиракии сиёсӣ сайъ намоянд. Инчунин, ҳамагон ба қадру манзалати тинҷиву осоиштагӣ, якдиливу тифоқии мардуми сарбаланди тоҷик ва пешрафту шукуфоии меҳан расида, ба хотири баланд бардоштани мақому манзалати тоҷику Тоҷикистон талош кунанд.
С. АЗИЗОВ
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон