Салоҳиддин Гадоев - намунаи ибрат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 988
Рӯзнома оинаи зиндагист. Мардум дар он корҳои шоистаю ибратомӯз, ҳамзамон тазодҳои зиндагиро мутолиа намуда, аз ситоиш рӯҳбаланд гардида, аз танқид хулоса мебароранд ва ислоҳ мешаванд. Сухан, бахусус сухани матбуот, қувваи тавонои рӯҳбаландӣ, сафарбаркунандагӣ дошта, дар рушди ҷомеа дар ҳама давру замон саҳми арзишманд дорад.
Саҳми воситаҳои ахбори омма - рӯзнома, маҷалла, радио, телевизион дар рушду нумӯи ҷомеа, ислоҳи камбудиҳо, васеъ паҳн кардани ташаббусҳо, натиҷаи ибратбахши ташаббускорон, эҷодкорон, ихтироъкорон, навигариҳо чашмрас аст. Бахусус рӯзномаи “Хатлон” дар ин росто пешсаф аст. Рӯзномаи вилоятии “Хатлон” хонандагони зиёд дорад ва онҳо ҳар рӯз онро бесаброна интизоранд.
Шумораи №25 (3384), аз 21.04.2022-и рӯзномаи “Хатлон”-ро варақгардон карда, мутолиа менамоям.
Дар саҳифаҳои рӯзнома таҳти рубрикаи “Масъалагузории журналист”, “Мушкили бонкаматҳо роҳи ҳал дорад?”, “Сарулибоси мактабӣ”, “Саёҳат хуш гузашт”, “Афкори дунявӣ омили таҳкимбахши ҷаҳонбинанда дар рушди ҷомеа”, “Мубориза бо коррупсия қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа аст”, “Ҳунари тасхиркунандаи холаи Ҳанифа”, “Ҷавонон рӯ ба китоб оварданд”, “Ба як мард чил ҳунар кам аст?”, “Кӯдакон истироҳати хуш доштанд”, “Лигаи Олӣ. Давраи ғалабаҳо” чоп шудааст.
Махсусан, дар саҳифаи аввал таҳти рубрикаи “Қаҳрамонон намемиранд” мақолаи “Салоҳиддин Гадоев-қаҳрамонписари шуҷои тоҷик” диққатангез аст. Ҳифзи Ватан-модар қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди тоҷик буда, дар ин роҳ шаҳид шудан худ қаҳрамонист. Салоҳиддин Гадоев, майори хизмати ҳарбӣ, ҷавони 29-сола, зодаи деҳаи Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг, аз ҷумлаи чунин ватандоронест, ки дар роҳи дифои марзу буми он ҷони худро нисор кардааст.
“Салоҳиддин Гадоев-қаҳрамонписари шуҷои Ватан” беҳтарин маводи шумора мебошад. Қаҳрамониву далерии Салоҳиддин ҳисси миллии ҷавононро бедор карда, имрӯз онҳо бо амри дилу виҷдони пок ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-модар рафта истодаанд. Корнамоии Салоҳиддин Гадоев барои ҷавонони меҳандӯсти мо намунаи ибрат аст. Салоҳиддин Гадоев ҳеҷ гоҳ аз хотири халқи тоҷик ҳамчун фарзанди фидоӣ ва қаҳрамони мардуми Тоҷикистон фаромӯш намешавад.
С. Боймурод
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...