Дар МОИ “Кӯлоб” чанд корхона бунёд шуд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 813
Дар доираи амалигардии ҳадафи чоруми старатегии кишвар - саноаткунонии босуръати мамлакат дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Ба иттилои роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Мустафо Абдуллозода, то кунун дар иншоот як корхона бунёд гардида, рӯзҳои наздик васлу насби таҷҳизот сурат гирифта, корҳои созандагӣ дар корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ, набот ва банду басти намаки ошӣ бомаром ҷараён дорад.
Корхонаи истеҳсолӣ барои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобил дар назар аст, ки дар марҳилаи аввал мавриди истифода қарор мегирад.
Дар маҷмӯъ гуфта шуд, ки то амалишавии лоиҳаи мазкур дар МОИ “Кӯлоб” наздик ба 30 корхона бо фарогирии бештар аз 8 ҳазор ҷойи кор бунёд ва ба истифода дода мешавад.
Инчунин дар идомаи ҷаласа, фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар се моҳи соли 2022 мавриди таҳлил қарор гирифта, қайд гардид, ки дар ин давра 2 корхонаи саноатӣ ва 3 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода супорида шуд. Дар ин коргоҳҳо 40 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Таъкид шуд, ки давоми 5 соли минбаъда соҳибкорони бо нангу номуси Кӯлоби бостонӣ азми ҷиддӣ доранд, ки дар бунёди 9 корхонаи нави истеҳсолӣ ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ ҳиссаи сазовор гузоранд.
http://khatlon-ruznoma.tj/