Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ чӣ подош дорад?


Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ чӣ подош дорад?



Таҳти рубрикаи “Пурсед, ҷавоб медиҳем” дар рӯзномаи мо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ аз ҳуқуқшиносон пешкаш мегардад. Хонандагони рӯзномаи “Хатлон” метавонанд, ки суолҳои худро ба унвонии рӯзнома тариқи мессенҷерҳои WhatsApp, imo, Telegram, Instagram дар рақамҳои телефонии 881-38-33-00 ирсол намоянд. Ягон суол ва пешниҳоди хонандаи азиз аз мадди назар дур нахоҳад монд. Ҳар ҳафта ба суолҳои хонандагон машваратчии ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас мегардонад.

Рӯзномаи «Хатлон» аз чанд хонандаи худ ба ин мазмун савол гирифт: «Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ чӣ подош дорад?» Мухбири рӯзнома Набӣ Саид доир ба ин мавзуъ бо ҳуқуқшинос Хусрав Худойназаров суҳбат намуд.

-Дар моддаи 35-и Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” уҳдадориҳои шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват шаванд, оварда шудааст. Лутфан, ин масъаларо шарҳ медодед.

-Тибқи ин қонун даъватшаванда уҳдадор аст, ки бо даъвати Комиссариати ҳарбӣ ба муоинаи тиббӣ, комиссияи даъватӣ ё барои фиристодан ба қисми ҳарбӣ бо мақсади адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳозир шавад ва дар Комиссариати ҳарбӣ то сафарбар шудан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ қарор гирад.

Дар сурати саркашӣ кардани даъватшаванда аз рўйи даъват, бе сабабҳои узрнок бо мақсади бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани даъватшаванда тибқи талаботи моддаи 683 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне “аз рўйи даъват ҳозир нашудан ба Комиссариати ҳарбӣ”, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. 

Барои аз рўйи даъват бе сабабҳои узрнок бо мақсади бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани даъватшаванда, -ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда (як нишондиҳанда 64 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Ҳангоми бори дуюм такрор кардани ин амал бидуни аломати ҷиноят ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда (аз 448 то 640 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои якум ва дуюм ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда (аз 640 то 768 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда  мешавад.

-Агар даъватшаванда солим бошаду аз рафтан ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ кунад, қонун чӣ гуна ҷазоро пешбинӣ намудааст?

-Тибқи моддаи 343 КҶ ҶТ яъне саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ чунин ҷазо муайян шудааст.

1) Саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин саркашӣ кардани шахси уҳдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда (аз 32000 то 64000 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Саркашии шахсони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда аз адои хизмати алтернативӣ, бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 19200 то 51200 сомонӣ) ҷазо дода мешавад.

3) Саркашӣ аз даъвати хизмати ҳарбии ҳатмӣ ё алтернативӣ бо роҳи расонидани зарар ба саломатии худ ва бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ё фиреби дигар маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. Эзоҳ: Агар даъватшаванда то ба суд супурдани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода