Довталабона ба хизмати Модар-Ватан меравам
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 027
Саидрезвон Раҳматзода донишҷӯи курси чоруми ихтисоси журналист-тарҷумони ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад. Ӯ соли 2000-ум дар деҳаи Нусратулло Махсуми Ҷамоати деҳоти “Яккатут”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омадааст. Аз аввали соли таҳсил дар идораи рӯзномаи “Хатлон” ҳамчун коромӯз фаъолият карда, чандин мақолаҳояш дар рӯзнома нашр гардидаанд. Ӯ имрӯз, довталабона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар худро номнавис карда, мехоҳад, ки баъди таҳсил ба хизмати ҳарбӣ равад.
- Ман қабл аз он, ки ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ супорам, ба худ гуфтам, ки агар аз имтиҳони Маркази миллии тестӣ нагузарам, ба хизмати ҳарбӣ меравам. Хушбахтона, соли 2018 ба ДДБ ба номи Носири Хусрав, ихтисоси журналист-тарҷумонӣ дохил шудам. Дар ин давра дӯстони зиёде аз ҳар минтақаи Тоҷикистон дарёфтам. Бо устодони сухан ва журналистони шинохтаи вилоят ошонӣ пайдо кардам.
Хушбахтам, ки дар давраи донишҷӯйӣ бо ҳамроҳии якчанд нафар ҳамсабақонам аз мактаби журналистии рӯзномаи “Хатлон” гузашта, бо роҳнамоии устодони ин даргоҳ нозукиҳои касбамро омӯхтам. Нахустин маводи навиштаам бо унвони “Ҳунар зеббахши зиндагист”, ки аз ҳаёти як сокини танӯрсози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд, нашр гардидааст. Вақте маҳсули эҷодамро дар рӯзнома дидаму хондам, маро як эҳсоси гуворое фаро гирифт.
Имрӯз вақти он расидааст, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар мактаби мардонагӣ обутоб ёбем. Воқеан, дар вазъи имрӯзи нооромиҳои ҷаҳон ҳар як ҷавонмарди тоҷик вазифадор аст, баҳри осоиштагии меҳан, сулҳу ваҳдат ва ҳимояи наздикону пайвандонаш ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан пардозад.
Баъзеҳо мегӯянд, ки хизмати ҳарбӣ мушкил аст. Не! Мо бояд дар ҳама гуна вазъият ҳимоятгари давлату миллат бошем. Агар имрӯз давлатро мо ҳимоя накунем, пас кӣ аз душман муҳофизат мекунад? Ҳар нафаре, ки аз берун истода мафкураи аксарияти ҷавононро тағйир доданӣ мешавад, бемуболиға, ӯ дӯстдори Ватан нест, душман аст.
Ният дорам, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти рӯзноманигориамро дар ВАО давом диҳам.
Саидрезвон РАҲМАТЗОДА,
коромӯзи «Хатлон»