Варзиш Зиёдуллоҳро қаҳрамон намуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 070
Даричаи ошноӣ: Зиёдулло Баротов 6 январи соли 2001 дар деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти “Қизилқалъа”-и ноҳияи Хуросон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз синни 17-солагӣ ба варзиши дастхобонӣ ва вазнбардорӣ машғул шудааст. Аз моҳи декабри соли 2018 инҷониб дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда меояд. Соҳиби 45 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ мебошад. 3 карат қаҳрамони Осиё аз рӯйи намуди дастхобонӣ мебошад. Номзади устоди варзиш аз рӯйи намуди дастхобонӣ аст.
Аз нақли қаҳрамони мо
Яке аз рӯзҳои тирамоҳӣ як рафиқам ба ман занг зада гуфт: “Зиёдулло, дар шаҳри Бохтар мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди дастхобониву вазнбардорӣ байни шахсони имконияти маҳдуддоштаи вилоят баргузор мегардад, иштирок намекунӣ?” Гуфтам: - Мекунам, чаро не.
Дар рӯзи оғози мусобиқа ба шаҳри Бохтар омадем. Дар он иштирок карда, сазовори ҷойи якум гардидам. Ҳарчанд дар аввал бароям мушкил буд, вале ҳамааш паси сар шуд. Ҳар рӯз тақрибан 1 километр роҳро бо аробачаи маъюбӣ тай мекардам, то ба истгоҳи Қизилқалъа-Бохтар расам.
Албатта, бо аробачаи маъюбӣ танҳо аз як шаҳр ба шаҳри дигар рафтан хеле бароям мушкил буд. Вале, инро аз танҳоии кунҷи хона авлотар медонистам. Мехостам дар қатори варзишгарони муваффақ бошам. Ин орзуям ба ман неру мебахшид. Ҳамин тавр, се карат чемпиони Осиё гаштам.
Се карат қаҳрамони Осиё
Зиёдулло пас аз мусобиқае, ки дар шаҳри Бохтар миёни шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ моҳи декабри соли 2018 баргузор гардида буд. Бо тавсияи устодаш Марат Идрисов тамринашро дар яке аз толорҳои варзишии шаҳри Бохтар идома дод. Ӯ аз иллати пой роҳ рафта наметавонист. Ба ҳамин сабаб ба намуди дастхобонӣ ва вазнбардорӣ майл кард.
Худи ҳамон сол ӯ баъди чанд муддати тамрин бо тавсияи ҳайати доварону мураббиҳояш барои иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба шаҳри Душанбе роҳхат гирифт. Дар ин чемпионат ӯ сазовори ду ҷойи якум гардид. Бо дасти чап ва ҳам рост рақибонашро мағлуб кард. Баъди чанд муддати дигар дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия чемпионати Осиё баргузор гардид.
Зиёдулло дар миёни дигар варзишгарон Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Ӯ ба ин намуди варзиш майл дошту бо тайёрии ҷиддӣ дар ин мусобиқа ширкат кард. Рақибонашро мағлуб карда, сазовори 2 ҷойи якум (дасти чапу рост) ва ду медали тилло гардид. Зиёдулло, бо сари баланд ва ғалаба ба Ватан баргашт. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда мегуфт:“Аз мусобиқаҳои байналмилалӣ бе дастовард баргаштан бароям нанг аст”.
Ин шиораш ӯро ба сӯи ғалаба мехонд. Пас аз баргаштан аз аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар даромадгоҳи ҷамоат ҳамдеҳагон ба пешвозаш баромаданд. Ин ҳама аҳсанхониву пешвозгирии мардум ӯро дучанд рӯҳбаланд кард. Ӯ дар назди худ мақсад гузошт, то дар дигар мусобиқаҳо низ ширкат намуда, Парчами меҳани худро боло бардорад. Ин ҳама талошҳо ӯро соли 2019 боз ба шаҳри Москва ба мусобиқаи сатҳи осиёӣ бурд. Ӯ дар ин мусобиқа иштирок карда, сазовори 3 медали тилло гардид. Баъди бозгашт аз Москва дар давоми ҳамин сол дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар чемпионати Осиё иштирок карда, сазовори ҷойи 3-юм ва медали биринҷӣ гардид.
Баъди бозгашт аз Ҷумҳурии Қазоқистон бо сабаби паҳншавии бемории коронавирус ва баргузор нагаштани мусобиқаҳо соли 2020 ӯ пурра ба тамрин машғул шуд. Бо ҳамин соли 2021 дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯйи намуди варзиши дастхобонӣ байни шахсони имконияти маҳдуддошта баргузор гардид. Зиёдулло дар байни варзишгарони дигар аз Тоҷикистону мамолики Осиё сазовори ҷойи сеюм гардида, бо медали биринҷӣ ба ватан баргашт. Соли 2021 дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи намуди вазнбардорӣ байни солимон баргузор гардид.
Зиёдулло дар ин мусобиқа дар вазни 55 килограмм иштирок кард ва сазовори ҷойи якум гардид. Ҳарчанд рақибони ӯ нафароне, буданд, ки солиёни зиёд аз рӯйи ин намуди варзиш машқу тамрин мекарданду аксарияти онҳо номзади Устоди варзиш буданд. Ӯ рақибонашро мағлуб карда, сазовори ҷойи якум гардид. Маҳорати баланди Зиёдулло ба Президенти мусобиқаҳои параолимпӣ писанд шуд ва ӯро барои иштирок ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Баҳреми Арабистони Саудӣ баргузор шуд, даъват кард.
Орзуи Зиёдулло ба ҳақиқат табдил меёбад?
Зиёдулло мехоҳад, ки шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд мисли ӯ ба варзиш машғул шаванд. Барои ин бисёр хуб мешуд, дар маҳал, дар кунҷи хона танҳо намонанд. Ягона орзуе, ки қаҳрамони мо дар дил дорад, ин доштани як толори тамрин барои шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд мебошад. Барои амалӣ гардидани ин орзуяш умед ба иқдоми соҳибкорон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия дорад. Зеро ӯ мехоҳад нафароне, ки бо ҳукми тақдир ба дарди гуногун гирифторанд, ба варзиш ҷалб кунаду аз кунҷи хона берун созад.
Дар ҳақиқат дар вилояти Хатлон имконияти хондану кор кардан ва ба варзиш машғул шудан барои чунин ашхос қариб, ки нест. Аз ин рӯ, мебояд сари ин масъала фикр карда, шароити созгор барои машқу тамрин ва таҳсили ин табақа муҳайё созанд. Чун қаҳрамони мо бинобар сабаби набудани шароити хондан танҳо 2 сол муассисаи таҳсилоти ибтидоиро хондаасту халос.
Ба ҷойи охирсухан
Ҳамин тавр моҳи декабри соли 2018 дар ҳаёти Зиёдулло нақши муҳим бозидааст. Он рӯз умеди дубораи зиндагиро барояш хушбахтиро ҳадя кард. Чуноне ки Зиёдулло мегӯяд, ӯ ҳеҷ гоҳ даъвати дӯстонашро ба мусобиқа фаромӯш намекунад. Зиёдулло ҳоло худро хушбахтарин фарди дунё меҳисобад, ки то ба имрӯз дар тӯли 4 сол дар 12 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ва зиёда аз 45 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, 11 медал аз хориҷ ва 34 медал аз мусобиқаҳои дохилӣ ба даст овардааст. Дар урфият мегуянд:
Аз навмедиҳо басо умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст. ...
Он ҳама машаққату интизориҳо сипарӣ гардиданд. Қаҳрамони мо дар байни мардум шинохта шуд. Имрӯз ҳама хурду бузург ба ӯ “қаҳрамон” гӯён муроҷиат мекунанд. Вай худро ҳеҷ гоҳ аз нафарони солим кам намебинад. Бештар аз волидону дӯстон ва устодаш Марат Идрисов сипосгузор аст. Зеро маҳз бо дастгирии онҳо ба ин пирӯзиҳо расидааст.
Набиҷони САИДАБРОР, “Хатлон”