Саҳми занон дар илм назаррас аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 931
Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм таҳти унвони “Занон ва рушди илми муосир “баргузолр гардид.
Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон барои ҷалби бонувон ба фаъолияти илмӣ аз соли 2017 инҷониб чунин ҳамоиши илмӣ ташкил карда мешавад. Дар конференсия омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, коллеҷу литсейҳо ширкат намуда, бо дастовардҳои худ табодули афкор менамоянд. Сол то сол теъдоди маводи унвонҷӯён, магистрҳо ва докторантҳо зиёд гардида, саъю талоши ҷавонон ба пажӯҳиши илмӣ мушоҳида мешавад.
- Ба конференсияи имсола 120 маърӯза пешниҳод гардидааст, - қайд намуд сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Раҳимзода. - Ин аз дастоварди хуби занону духтарони вилоят гувоҳӣ медиҳад. Бонувон, ки дар соҳаи маориф афзалият доранд, ба таҳқиқи илмҳои гуногун низ тасмим гирифтаанд. Дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистон барои занон имконияти идомаи таҳсил дар зинаҳои магистратура, докторантура, аспирантура, ҳамчун унвонҷӯ бурдани таҳқиқоти илмӣ фароҳам омад. Бо ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати бонувон мақоми занон шоиста гардид. Занон дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маорифу илм дастгирӣ ёфта истодаанд.
Кори конференсия дар панҷ бахш: филология ва адабиёт, табиӣ - риёзӣ ва тиббӣ, иқтисодӣ, педагогика ва методикаи таълим ва таъриху сиёсатшиносӣ идома ёфта, маърӯзаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Намояндагони ДДБ ба номи Носири Хусрав, ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи тиббии Хатлон, Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон, коллеҷҳои омӯзгориву тиббии Бохтар, Кӯлоб, Данғара доир ба масъалаҳои муҳими илмӣ баромад намуданд.
Беҳтарин маърӯзачиён бо Сипосномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон қадршиносӣ шуданд. Дастаи ҳаваскорони санъати Донишгоҳи давлатии Данғара барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуданд.
Ба иштирокчиёни конференсия намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ҳунарҳои мардумӣ ва омодагии хуби ташкили конференсия таассуроти хотирмон гузошт.
Д. Маҳкамова, “Хатлон”