2,9 миллиард доллар барои ду расонаи Австралия
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 879
![]()
Мақомоти Австралия барои ду расонаи бузургтарини кишвараш беш аз 2,9 миллиард доллар ҷудо мекунад. Дар ин бора «Известия» хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар давоми се сол маблағгузории корпоратсияи телевизионии ABC ва шабакаи телевизиони ҷамъиятии SBS зиёд карда мешавад. Инчунин, дар Австралия фонди дастгирии рӯзноманигороне, ки дар расонаҳои хурди минтақавӣ кор мекунанд, таъсис дода шудааст.