Бунёди 6 корхона дар соли 2021
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 027
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бо намояндагони воситаҳои ахбори омма барогузор гардид. Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб барои дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2021 ба кулли рӯзноманигорон миннатдорӣ баён намуд.
Дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки фаъолон ва аҳли заҳмати шаҳри Кӯлоб бо фаъолияти содиқонаи худ дар раванди пешрафту тараққиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта, соли 2021-ро бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳри Кӯлоб, баён карданд, бо дастовардҳои бузург ҷамъбаст намуданд. Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025», то соли 2022 –юм 40 лоиҳа бо маблағи 319,1 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар 26 лоиҳа корҳо идома доранд.
Тибқи нишондиҳандаҳо дар соли 2021 қисми даромади андозҳои маҳаллӣ 110,5% иҷро гардида, ба буҷет 105 миллион 425 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки ин аз нақша 10 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози ғайрибуҷетӣ 101% иҷро шуда, ба буҷет 30миллиону 302 ҳазор сомонӣ ворид ва нафақаи 19 ҳазору 402 нафар нафақахӯрон пурра пардохт карда шуд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 663,5 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2020-ум 16 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 102,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли 2021 бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода намуда, 6 коргоҳи нав, аз ҷумла ҷӯроббофии “Ваҳдат-текстайл”, дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли орд, обҳои ташнагишикан, дӯзандагӣ ва коркарди сангу шағал ба истифода дода шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб, ки майдони умумии он 6,9 гектарро ташкил медиҳад, бунёди 8 корхонаи истеҳсолӣ: сангҳои ороишӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, консерваи меваю сабзавот, гипсокардон, истеҳсоли ҳасиб ва ғайраҳо идома дорад.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бошад, сохтмони корхонаҳои истеҳсолии қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, коркарди намак, истеҳсоли равғани растанӣ ва набот рафта истодааст. Тибқи таҳлилҳо дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 309,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба як соли пеш 31,8 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО ба суолҳои худ оид ба масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, кишоварзию рушди саноат посухи мушаххас гирифтанд.
Далер Шарифов, «Хатлон»