Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Инфрасохтори логистикӣ ва манфиати он


Инфрасохтори логистикӣ ва манфиати он



Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бо маром рушд намуда, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем. Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз даҳ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Вазорати нақлиёт бояд якҷо бо дигар вазорату идораҳо тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ, баромад ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикиро таъмин намояд.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ, ки муносибати навро ба истеҳсолот дар бар мегирад, омӯзиши самтҳои нави илм ва инноватсияро тақозо мекунад. Логистика омӯзиши муносибатҳои ташкилию иқтисодиро дар доираи гардиши мол дар марҳилаҳои харидкунӣ, истеҳсол ва фурӯши маҳсулот фаро гирифта, ба рушди нақлиёт нигаронида шудааст.

Маҷмӯи унсурҳое, ки фаъолияти низоми харид, таъминот, нигоҳдорӣ ва таҳвили маҳсулотро ба истеъмолкунандагон таъмин менамоянд, ба инфрасохтори логистикӣ дохил мешаванд. Он аз корхона, терминалҳо, марказҳои фурӯш, нақлиёт, анбор, марказҳои иттилоотӣ иборат аст.

Вожаи «логистика» аз юнонии «logistike» гирифта шуда, маънояш санъати ҳисобкунӣ ва муҳокимаронӣ мебошад. Ин илм таърихи қадима дошта, дар Афинаи қадим ҳамчун санҷиши ҳисоботи шахсони мансабдор ҳамон давра назоратчиҳои махсуси давлатӣ (логистикҳо) ҳисоб мешуданд.

Дар замони муосир логистика ҳамлу нақли оқилонаи захираҳои гуногун аз истеҳсолкунанда то ба истеъмолкунанда бо хароҷоти камтарин расониданро ифода мекунад.

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузоштааст, ки ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ дода, долонҳои транзитиро тавассути кишварамон бунёд намоем. Стратегияи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид мешавад. Стратегияи мазкур ду самти асосиро дар бар мегирад: якум, ташаккули шабакаи ягонаи нақлиётӣ дар кишвар ва пайвастани он бо долонҳои байналмилалии нақлиётӣ; дуюм, ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт.

Аз рӯйи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Индекси самаранокии логистикӣ (Logistics Performance Index – LPI), Тоҷикистон дар байни 163 кишвар ҷойи 114-умро ишғол намудааст. Дар байни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бошад, дар ҷойи охир меистад. Аз лиҳози пайгирӣ ва интиқоли саривақтӣ Тоҷикистон дар байни 166 кишвари пурсидашуда дар ҷаҳон ҷойи 133-юмро гирифтааст ва дар байни кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷойи сеюм меистад.

Дар давоми солҳои охир барои дастрасӣ ба бандарҳои ҷаҳонӣ 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда 8,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудаанд. Дар натиҷа 109 пул ва 27 нақб сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин, 1650 км роҳҳо таҷдид ва бунёд шуданд. Дар баробари ин, мушкилоти бунёди роҳҳои алтернативӣ боқӣ мемонад, то дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайвастан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои наве, ки ҷавобгӯи стандартҳои муосир мебошанд, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ, ба ҳаракат дар роҳи оҳани Амузанг – Хошадӣ ифтитоҳ бахшиданд.

Пойтгоҳи Амузанг ба яке аз роҳҳои пайвандгари нав мубаддал шуда, ҳамчун дарвозае хоҳад буд, ки минтақаҳои ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистонро мепайвандад.

Роҳи оҳан ба манфиатҳои ду кишвар хизмат карда, дар рушди ҳамлу нақли транзитӣ нақши муҳим мебозад. Аз ҷумла, барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Туркманистон имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад. Барои рушди мусофиркашонӣ ва кушодани самтҳои нав шароит ба вуҷуд меояд. Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад, андешидани тадбирҳои зарурӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа буда метавонад, идома дорад. Татбиқи барномаи барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ то соли 2025, сохтмон ва таҷдиди беш аз чаҳор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст. Ин барномаҳо манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии тамоми ҷабҳаҳоро ба назар гирифта, метавонанд арзиши хизматрасониҳои нақлиётиро кам кунанд. Дар оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои имкониятҳои транзитӣ, ки дар гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиётӣ, ба монанди ЕврАзЭС, ТРАСЕКА, ЦАРЭС ва Иттиҳоди Аврупо пайдо мешавад, мехоҳад муносибатҳоро ҳамчун транзити боэътимоди интиқоли маблағҳо идома диҳад. Ин чорабиниҳо оғози марҳилаи таҳаввулоти системаи ҷаҳонии нақлиёт ва инфрасохторҳои логистикаро нишон медиҳанд.

Инфрасохторҳои логистикӣ чун ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисодиёти имрӯза ва бо дигар соҳаҳои иқтисодиёти минтақавӣ зич алоқаманд мебошад. Бо такмил ва рушд додани инфрасохторҳои логистикӣ, аз ҷумла инфрасохторҳои нақлиётӣ, фаъолияти логистика дар минтақа баланд рафта, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ имконияти зиёдеро фароҳам меорад. Инчунин, барои саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи боэътимод мегардад, ки он яке аз масъалаҳои калидии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад.

Носир Ашӯров, унвонҷӯи кафедраи нақлиёти
автомобилии ДДБ ба номи Носири Хусрав


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода