Шумораи банкоматҳоро бояд кам кунем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 788
-Бо мақсади гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ ва кам кардани муомилоти пули нақд дар миёни сокинон, шумораи банкоматҳои маблағдиҳандаро бояд кам кунем, - қайд гардид дар нишасти хабарии ташкилоти қарзии молиявии минтақаи Бохтар, ки рӯзи 4 феврал баргузор гардид.
Ин дар ҳолест, ки навбатпоии дароз дар пушти банкоматҳо ва дар ҳолати ғайрикорӣ қарор доштани онҳо мунтазам мавзӯи баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегардад.
Коршиносон бар он назаранд, ки барои гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ, пеш аз ҳама, бояд идораи андоз манфиатдор бошад. Яъне сахт назорат барад ва тадбир ҷӯяд, то бозорҳо, фурӯшгоҳҳо ва соҳибкорон пардохтҳоро тариқи кортҳои пластикӣ, расидҳо, терминалҳо қабул кунанд. Лекин барои роҳандозии низоми пардохти ғайринақдӣ баъзе ходимони алоҳидаи бонкҳо ва нозирони андоз манфиатдор нестанд.
Ҳамчунин, дар нишасти хабарӣ оид ба фоизи қарздиҳии бонкҳо ва дигар масъалаҳои мубрам саволу ҷавоб сурат гирифт, ки метавонед навори онро аз тариқи QR-рамз тамошо намоед.
Д. Ибодуллозода, «Хатлон»