Иҷрои барзиёди нақшаи андозҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 913
Дар нишасти хабарии Раёсати андоз дар вилояти Хатлон сардори Раёсат Соҳиб Раҷабов оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021-ум ҳисобот дод.
Соҳиб Раҷабов иттилоъ дод, ки дар соли 2021- ум нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106,3 фоиз таъмин гардид. Ба ҷойи 1 миллиарду 755,4 миллион сомонии пешбинишуда, ба буҷет 1 миллиарду 865,8 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 110,4 миллион сомонӣ бештар мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 97 фоиз таъмин гардида, дар натиҷа ба ҷойи 414,1 миллион сомонии пешбинишуда, ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 403,4 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Ин нишондод нисбат ба нақшаи пешбинишуда 10,6 миллион сомонӣ кам мебошад.
Рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои корҳои назоратӣ ва пешгирии қонуншиканӣ аз тарафи андозсупорандагон, насб ва истифодаи мошини назорати хазинавӣ, омилҳои бақияи қарзи андозҳо ва афзоиши қарзи андозҳо дар вилояти Хатлон савол дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар посух ба суол дар бораи бақияи қарзи андозҳо изҳор гардид, ки ба ҳолати 1-уми декабри соли 2021-ум маблағи бақияи қарзи андозҳо 177,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли 2021-ум ба андозаи 12,1 миллион сомонӣ кам гардидааст.
Ҳамзамон, роҷеъ ба самти ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ суолгузорӣ гардид. Дар ҷавоб гуфта шуд, ки барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи андоз нисбати 4511 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, ба маблағи 10,7 миллион сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардидааст. Аз ҳисоби протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 7,2 миллион сомонӣ ба хазинаи буҷет ворид карда шудааст.
С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”