Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Қурбон Ҳакимзода ба аёдати собиқадорони меҳнат рафт


Қурбон Ҳакимзода ба аёдати собиқадорони меҳнат рафт



5 феврал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кориашон ба шаҳри Левакант якчанд собиқадори меҳнатро аёдат карданд.

Зимни аёдати меҳтари меҳнат Файзулло Раҷабалиев, ки 75 сол дошта, 42 соли ҳаёташро ҳамчун технологи пуртаҷриба сарфи фаъолият дар ҶСК «Азот»-и шаҳри Левакант кардааст, раиси вилоят туҳфаҳои молию пулӣ тақдим намуданд.

Файзулло Раҷабалиев солҳои 1966-2008 аз коргари одӣ то сардори сехи истеҳсоли карбамид дар ҶСК «Азот»-и шаҳри Левакант кор кардааст. Заҳматҳояш бо Нишони фахрӣ ва медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ карда шудааст. Номбурда падари 6 фарзанд буда, ҳамаи фарзандон маълумоти олӣ доранд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият мекунанд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо эҳтиром ва самимияти хоса ба ин собиқадори меҳнат иброз доштанд, ки пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд.

Ба Файзулло Раҷабалиев барои меҳнати бисёрсолаи намунавӣ, тарбияи фарзандони шоиста, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ изҳори сипос намуда, барояш умри дарозу саломатии бардавом таманно карданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ин рӯз ҳамчунин барои ҳолпурсӣ ба аёдати омӯзгори собиқадор Раҷабмурод Сармисоқов омаданд.

Раҷабмурод Сармисоқови 89-сола аз рӯйи ихтисос омӯзгори фанни таърих буда, аз соли 1958 то соли 1997 дар муассисаи таълимии №1-и шаҳри Левакант ба шогирдон дарс гуфтааст. Хизмати намунавиаш бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст.

Зимни суҳбат бо раиси вилоят ин омӯзгори собиқадор гуфт, ки хонандаи доимии матбуоти даврӣ, бахусус рӯзномаи вилоятии “Хатлон” буда, бо вуҷуди дар нафақа буданаш, мекӯшад, ки донишу ҷаҳонбиниашро сайқал диҳад. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кориашон дар шаҳри Левакант ҳамчунин ба аёдати модари солманд Холдона Беғамова омаданд.

Қурбон Ҳакимзода аз вазъи саломатӣ ва зиндагии модари 93-сола Холдона Беғамова пурсон шуда, бо ӯ суҳбати самимӣ оростанд. Ба фарзандон ва масъулини шаҳри Левакант таъкид намуданд, ки вазъи саломатии Холдона Беғамоваро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Боиси зикр аст, ки Холдона Беғамова 10- уми майи соли 1929 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Балҷувон ба дунë омада, баъди оиладор шудан то ба ҳол дар шаҳри Левакант умр ба сар мебарад. Ӯ модари 7 фарзанд буда, беш аз 50 набераву абера дорад ва имрӯз дар ҳалқаи онҳо даврони пирӣ меронад.

Зимни суҳбат бо собиқадорони меҳнат раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки давлату миллат фаъолияти садоқатмандонаи ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, пирони рӯзгорро баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат фаромӯш намекунад ва барои нигоҳубину парасторӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо мунтазам чораҷӯӣ менамояд. Раиси вилоят ба собиқадорони аёдатшуда тансиҳативу хонаи обод таманно карданд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода