ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Фарзандони роҳбарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар хоҳанд шуд


Фарзандони роҳбарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар хоҳанд шуд



Тасмими раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Маҳмадсаид Раҷабзода шубҳаву андешаҳои бофтаву иғвоангезонаро, ки гӯё фарзандони роҳбарон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намегарданд, инкор мекунад.

Зеро, Толибҷон Раҷабов, донишҷӯи курси дуюми шуъбаи магистратураи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, фарзанди М. Раҷабзода, бо тавсия ва роҳнамоии падар бо хоҳиши худ барои сафарбар гардидан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур худро дар қайд гузошт ва мехоҳад, ки аз шумори аввалин сафарбаршавандагон гардад.

Толибҷон аз ҷумлаи ҷавонони хушзавқу фаъол маҳсуб ёфта, бо шабакаҳои телевизионӣ ҳамкории зич дорад. Ҳамзамон, дар донишгоҳ таҳсили хуб дошта, ҳамчун мутахассиси тахассусманд омода гардида истодааст.

Ёдовар бояд гардид, ки дар Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон ибтидои моҳи январи соли 2022-юм бо иштироки муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода ва дигар масъулон ҷаласа оид ба омодагӣ барои сафарбаркунӣ дар даъвати баҳорӣ доир гардид. Дар ин ҷаласа таъкид карда шуд, ки фарзандон ва наздикони мансабдорон, роҳбарон ва дар умум хизматчиёни давлатӣ, ки дар синни даъватӣ мебошанд, ҳамчун намуна ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда хоҳанд шуд. Вобаста ба ин раванд гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон назорат хоҳад бурд. Ҳадаф аз ҷоннок намудани ин ташаббус азбайнбарии шубҳаву ҳангомаҳои мардум дар самти ҷудокунии даъватшавандагон мебошад. Даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар асоси талаботи қонун ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ин амали раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Маҳмадсаид Раҷабзода намунаи ибрати дигар роҳбарон ва мансабдорон хоҳад буд.

С. АЗИЗЗОДА , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода