Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Тағйироти кадрӣ дар Сарраёсати молияи вилоят


Тағйироти кадрӣ дар Сарраёсати молияи вилоят



Мутахассиси соҳаи молия Ҳабибулло Иззатуллозода дирӯз, 3 феврал, ба вазифаи сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон таъин гардид.

Қобили зикр аст, ки Ҳабибулло Иззатуллозода дар мақомоти молия аз корманди одӣ сар карда, дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият ифои вазифа кардааст. То таъиноти наваш сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар буд. Кордониву масъулиятшиносии ӯро дида, ба вазифаи сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон лоиқ донистанд.

Дар маросими муаррифии сардори нави Сарраёсати молияи вилоят муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода иштирок намуда, ба ӯ дар иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва ғанӣ гардонидани буҷети вилоят муваффақият таманно намуд.

Ёдовар мегардем, ки сардори собиқи Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода бо фармони Президенти мамлакат аз 17 ноябри соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардид.


http://khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода