Шумораи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон коҳиш ёфт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 858
Дар нишасти матбуотии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иҷрокунандаи сардори Раёсат Аловуддин Абдуллозода қайд кард, ки шумораи ҷинояткорон аз ҳисоби ҷавонон дар соли 2021 ба 1133 ҳолат расидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 434 адад кам мебошад.
Бояд гуфт, ки шумораи ҷавонон дар вилояти Хатлон 1 миллиону 26 ҳазору 145 нафар расидааст, ки аз ин шумора 509 ҳазору 994 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи варзишгарон бошад, дар умум 16 ҳазору 324 буда, аз ин 2 ҳазору 232 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин шумораи зикршуда дар давоми соли сипаригардида дар маҷмӯъ 2 ҳазору 788 медал дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли пешин 737 адад зиёд мебошад.
Шумораи гирандагони стипендияи президентӣ дар вилоят 1206 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, гирандагони стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар ва гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлон 130 ва шумораи гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо 463 нафарро ташкил медиҳанд.
Набиҷони САИДАБРОР, “Хатлон”