Давлат Болтаев чемпиони Осиё оид ба бокс шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 968
29 январ варзишгари тоҷик Давлат Болтаев дар муҳорибаҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар финал бар варзишгари Қирғизистон Рустам Урурсбек уулу пирӯз шуд.
Аввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни 190 нафар ҷавонони то 22-сола аз 12 давлати қора дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон рӯзҳои 22-29 январ доир гардид. Дар финал 7 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон муҳориба карданд ва танҳо Давлат Болтаев дар вазни 92 кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.
Дигар варзишгаронамон - Сумайя Қосимова (48 кг), Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51 кг), Абдумалик Болтаев (75 кг), Некрӯз Салимов (80 кг), Шаҳбоз Ҳаитов (86 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра шуданд. Қаблан Малика Нозимова (63 кг), Ҳусния Холова (52 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг) ва Расул Аҳадов (67 кг) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Ҳамин тариқ, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 11 нафар ба гирифтани медалҳо - 1 тилло, 6 нуқра, 4 биринҷӣ мушарраф шуданд.
http://khatlon-ruznoma.tj/