Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Беш аз 2 миллион симкорт ҳанӯз аз қайд нагузаштаанд


Беш аз 2 миллион симкорт ҳанӯз аз қайд нагузаштаанд



Шаҳрвандони Тоҷикистон то 15 феврали соли равон муҳлат доранд, ки симкортҳои худро бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд гиранд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки ин иқдом бар асоси қарори Ҳукумати мамлакат аз моҳи апрели соли 2016 амалӣ гардида, барои амният ва татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ дар оянда муҳим мебошад. Ба гуфтаи Атоев, феълан дар Тоҷикистон зиёда аз 8 миллион симкорт дар дасти истифодабарандагон аст, ки ҳудуди 5,5 миллион ададаш фаъол мебошанд. Ӯ таъкид намуд, ҳанӯз дар кишвар 2,4 миллион симкорт бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайд аст, ки аз ин 1,8 миллионаш фаъол мебошад.

Як бартарии сабти симкортҳо бо шиносномаҳои нав он аст, ки мардумро дигар зимни татбиқи лоиҳаҳои гуногуни рақамӣ саргардон намекунанд. Дар нишаст таъкид шуд, ки тибқи қоида, дар номи як одам то ду симкортро ба қайд гирифтан мумкин аст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода