Аз гази карбон заҳролуд шудаанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 726
Ҷасади 6 нафар муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки зодаи вилояти Хатлон мебошанд, ба зодгоҳашон интиқол ёфтаву ба хок супурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин шаҳрвандон 26 январ дар гармхонаҳои деҳаи Рахински ноҳияи Среднеахтубински вилояти Волгогради Россия бар асари заҳролудшавӣ аз гази карбон ҳалок гардидаанд. Дар ҳоли ҳозир дипломатҳои тоҷик барои пайгирии ин ҳодиса бо ниҳодҳои қудратии Россия ҳамкорӣ доранд.
Гурӯҳи тафтишотӣ ва кормандони инспексияи давлатии меҳнатии вилояти Волгоград ба хотири тафтиш кардани шароити кории аз ҷониби корфармо барои фавтидагон фароҳамовардашуда ба ҷойи воқеа рафтанд. Кумитаи тафтишотӣ дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми ҷиноят, ки дар қисми 3-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия «Аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон шудан» пешбинӣ шудааст, хабар дод.
http://khatlon-ruznoma.tj/