«Ҳулбук - пойтахти Хатлони қадим»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 949
Коркарди номинаи «Ҳулбук - пойтахти Хатлони қадим» аз ҷониби мутахассисони Вазорати фарҳанг дар якҷоягӣ бо ходимони илмии Академии миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ идома дорад.
Вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода рӯзи 31 январ ин хабарро дар нишасти матбуотии худ тасдиқ намуд. Тибқи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии дараҷаи ҷуҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар вилояти Хатлон 4 ёдгории нодири таърихӣ ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд, ки Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус ва дайри “Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш аз ҷумлаи онҳоянд.
http://khatlon-ruznoma.tj/