Замини тутзорҳо зиёд мегардад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 050
Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон бо такя ба дастуру супоришҳои раиси вилоят, ба нақша гирифтааст, ки дар ҳар як шаҳру навоҳии вилоят на кам аз як гектар замини тутзор ташкил карда шавад. Ин нуқтаро сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Амирбеки Темур зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Тибқи иттилоъ, айни ҳол дар ҳудуди вилоят зиёда аз 1377 гектар майдони тутзор вуҷуд дорад, ки барои таъмини дурнамои истеҳсоли пилла басанда мебошад. Тибқи нақша бояд дар давоми соли 2022 дар ҳудуди вилоят 407 ҳазор ниҳоли тут шинонида шавад. Дар робита ба ин, Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатиашон таъкид доштанд, ки замини тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд.
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”