Наврӯзи имсола дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 992
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил карда мешавад. Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз 28 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафари корӣ анҷом доданд.
Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва бунёди иншооти ҷашние, ки дар маркази ноҳия - шаҳраки навбунёди Балх идома доранд, шинос шуда, ба масъулин ва сохтмончиён ҷиҳати тезонидани корҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Бо дастгирии роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Исмоили Сомонӣ” дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони зиёда аз 25 гектар бунёди силсилаи иншооти наву замонавӣ, аз ҷумла майдони варзишӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст, муассисаи таълимии байналмилалӣ барои 720 нафар хонанда, кӯдакистон барои 330 нафар кӯдакони ноҳия ва 10 бинои истиқоматии 5- ошёна бунёд гардида, қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст ва айни замон рангубори онҳо бо маром ҷараён дорад. Дар корҳои сохтмонӣ зиёда аз 300 нафар сохтмончиён аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, моҳона аз як ҳазор то шаш ҳазор сомонӣ музди кор мегиранд.
Зимни сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз майдони Парчам, Нишон ва пайНаврӯзи имсола дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил карда мешавад. Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз 28 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафари корӣ анҷом доданд.
Сараввал раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо хоҷагидорон машварат ороста, доир ба интихоби ниҳолони хушсифат ва риояи қоидаҳои ҳатмии боғдорӣ, шинонидани ниҳолони дарахтони мевадиҳанда изҳори назар карданд. Хоҷагии фермерии “Асадулло” дар деҳоти Фахробод аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дорои 14 ҳазору 820 гектар замин мебошад ва он соли 2009 ташкил шудааст. Дар ин хоҷагии фермерӣ давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ мебошад ва аз миқдори умумии майдони боғот 116 гектарашро боғи интенсивӣ дар бар мегирад. Дар хоҷагӣ парвариши хуби дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашудаи себи биҳӣ, нок, олу, зардолу, гелос, бодом, анҷир, чормағз, челон, анор, тут ва лимӯ ба роҳ монда шудааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки тибқи нақша, имсол бояд дар ин хоҷагӣ дар майдони 22 гектар боғи себу олу ва 15 гектар токзори нав ташкил карда шавад. Рӯзи 28 январ бошад, дар масоҳати 4 гектар боғи олуи сиёҳ ва 2 гектар ангурбоғ бунёд карда шуд. Ниҳолони боғи навбунёд дорои сертификат буда, тавассути қувваи техникаи соҳа ва боғпарварони хоҷагӣ бо риояи тавсияҳои мутахассисон шинонида шуд. Дар ҳоли ҳозир дар хоҷагии мазкур 32 намуди себ, се намуд олу, нок, нашпотӣ, чормағз, челон ва дигар намуди дарахтони мевадиҳанда парвариш карда шуда, ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад. Мавриди зикр аст, ки аксари меваҳои ин боғҳо, аз ҷумла себ, олуи сиёҳ ва ангур ба содирот нигаронида шудааст ва маҳсулот асосан ба шаҳрҳои Федератсияи Россия фиристода мешавад. Дар Хоҷагии фермерии “Асадулло” барои беталаф нигоҳ доштани меваҷот се сардхона бо иқтидори 60 тонна бунёд карда шудааст.
Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад. Комёбии худро боғдорони хоҷагӣ аз ҳидоятҳои неки Сарвари давлат медонанд, зеро зимни ҳар як сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои парваришу нигоҳубини зарурии боғҳо, истифодаи самараноки сардхонаҳо ва содироти маҳсулот маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин аз раванди башаклдарорӣ ва иҷрои қоидаҳои агротехникии боғот дар давраи зимистон шинос гардида, ҷиҳати рушди минбаъдаи кори боғдорӣ ба аҳли заҳмати Хоҷагии фермерии “Асадулло”-и ноҳияи Хуросон муваффақият таманно намуданд.
Боғдорони хоҷагӣ ба истифодаи самараноки ҳар як қитъа замин, афзун намудани ҳаҷми содироти меваҷот ба хориҷи мамлакат ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ даъват карда шуданд. Қобили зикр аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори охир 29 октябри соли 2021 аз мавзеи Фахробод, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ба як мавзеи зебову ҳосилхез табдил ёфтааст, боздид ба амал оварда буданд.
Ноҳияи Хуросон яке аз минтақаҳои калони аграрии вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, дар ноҳия ба ҳолати имрӯза 3300 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз ин 800 гектар боғи куҳнаи барқароршуда мебошад. Боздиди раиси вилоят аз боғу токзори хоҷагии “Асадулло” 28 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон дар хоҷагии фермерии “Асадулло” аз қитъаи боғу токзори нав дидан карда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд. караи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дидан карда, барои сифатан хуб ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти ҷамъияти мазкур ва сохтмончиён изҳори миннатдорӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳбарияти ҶСП “Исмоили Сомонӣ” як қатор иншооти муҳими ҷашниеро, ки дар рушду тараққии самтҳои асосии хоҷагии халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ саҳмгузор мебошанд, ба истифода хоҳад дод. Дар гулгашту хиёбонҳои шаҳраки навбунёди Балх зиёда аз 30 ҳазор гули лола ва дигар дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, майдони гулгашт барои тамошои сокинону меҳмонон дар ҳоли омодабош қарор дорад.
Дар ин мавзеъ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёди мақбара ва хона-музейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо сарфи зиёда аз 1 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, қисмати зиёди корҳо ба анҷом расонида шудааст. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар ин макон тарҳи хонаи истиқоматӣ, меҳмонхона, мадраса ва дигар ҳуҷраҳои муаррификунандаи ҳаёт ва фаъолияти шоири тавоно Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо нигоҳдошти санъати меъмории қадима бунёд мегардад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни боздид аз шаҳраки навбунёди Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қайд карданд, ки ин шаҳраки навбунёд яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, иншооти таъйиноташон гуногун дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарияти олии мамлакат мавриди баҳрабардории умум қарор хоҳанд гирифт.
Н. Маъмурзода, “Хатлон”