Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Таъмиру бозсозии роҳҳо дар Темурмалик


Таъмиру бозсозии роҳҳо дар Темурмалик



Соли сипаришуда дар ноҳияи Темурмалик 1,05 км роҳ мумфарш ва 5,4 км сангфарш гардид. Масъулони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар ноҳияи Темурмалик зимни тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки соли гузашта барои нигоҳдории роҳ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти ишвар 320 ҳазору 392 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Соли 2021 аз маблағи ҷудокардаи Вазорати нақлиёти кишвар барои таъмири ҷорӣ 56 ҳазору 558 сомонӣ, зимистонгузаронӣ - 27 ҳазору 367, кабудизоркунӣ - 1749, харидории қисмҳои эҳтиётӣ - 13 ҳазору 996, таъмири роҳ - 217 ҳазору 224 ва хароҷоти дигар 32 ҳазору 810 сомонӣ харҷ шудааст.


Муассиса барои гузаронидани фасли зимистон омодагии ҷиддӣ дида, 500 литр сӯзишворӣ ва 490 куб маводи зиддилағжиш захира кардаанд. Муассиса 10 техника ва 41 коргар дорад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода