Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Одоби таом хӯрдан


Одоби таом хӯрдан



Бисёр мушоҳида кардаем, ки баъзеҳо ҳангоми истеъмоли таом, хӯриши сабзавотӣ ва хоидани сақич аз даҳон садои нофораме бароварда, дигаронро нороҳат месозанд. Аз ин рӯ, барои одоби таомхӯрӣ чанд маслиҳатро пешкаши хонандагон мекунем.

-Ҳангоми истеъмоли таом онро шитоб накарда хӯред, кӯшиш кунед, ки садои даҳони шуморо нафари паҳлуятон нашунавад.

- Хӯрок гарм бошад, ба он пуф накунед, то каме хунук шуданаш сабр мебояд, то қобили хӯрдан шавад.

- Қабл аз таом ва баъд аз таом дастонатонро бишӯед ва ин амалро аз аҳли оила низ талаб кунед.

- Агар ба хӯрдани таом майл надоред ё он бароятон маъқул несту дилатон намекашад, чунин вонамуд кунед, ки гӯё таом мехӯред, то дигарон эҳсос накунанд.

- Хӯрдани таом дар миз ва курсӣ, бо қошуқ ва чангол, дар лаъличаҳои ҷудогона ҷоиз аст. Беҳтараш онҳо аз чӯб сохта шуда бошанд.

- Таом хӯрдан дар ҳолати нишаст беҳтар аст.

- Хӯрдан ва нӯшидан ба дасти рост бошад.

- Дар маъракаи калон ба таъми таом эрод нагиред.

- Дар пиёлаи лабшикаста ба меҳмон чой надиҳед.

- Дасти меҳмонро сари дастурхон об нагиред.

- Сари дастархон мутолиаи китоб ё рӯзнома хуб нест.

- Ҳангоми истеъмоли таом бисёр ҳарф назанед.

- Сари дастурхон хоидани сақич (жвачка) аз рӯйи одоб нест.

- Аз зарф об менӯшед, набояд нафас бикашед, то оби даҳон ба дохили зарф ворид нашавад.

- Дар вақти истеъмоли таом кӯдаконро дар алоҳидагӣ аз калонсолон шинонед.

- Аз табақе, ки калонсолон (меҳмон) таом мехӯранд, ба кӯдакон таом надиҳед, то онҳо ба ин одат карда, боиси нороҳатии дигарон шаванд.

- Боқимондаи таомро ба партовгоҳ наандохта, онро дар хӯроки ҳайвонҳо истифода намоед.

Боқӣ, ба шумо иштиҳои хуб орзу мекунем.

Омодасоз С. АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода