Ёде аз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 857
Рӯзноманигорон ҳамасола иди касбии худ - Рӯзи матбуоти тоҷикро таҷлил менамоянд. Ҳамасола матбуотчиён ба ҳам омада, аз ҳолу аҳвол, фаъолияти эҷодии якдигар воқиф мегарданд.
Воқеан, рӯзноманигорӣ кори саҳлу осон нест. Он серталабию масъулиятшиносӣ, заҳмати шабонарӯзии эҷодӣ, навҷӯӣ, касбият, ватандӯстиву эҳтироми касби хеш, истеъдоди баланд ва наздик будан ба халқро талаб мекунад. Инак, 109 сол аст, ки онҳо ба касби рӯзноманигорӣ содиқ монда, мунтазам ба халқу ватан хизмат менамоянд.
Бале, матбуот ва воситаҳои ахбори омма баробари замон қадам зада, махсусан дар замони муосир, ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа, дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ошкору пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти номатлуб нақши муассир доранд.
Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардааст: “Воситаҳои ахбори омма, хусусан, дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, баландшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфта, дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад”.
Дар Рӯзи матбуоти тоҷик-11 март барои шод намудани рӯҳи қаламкашони фавтида месазад ёде аз онҳо кунем. Собиқадорони матбуоти тоҷик, рӯзноманигорони соҳибноми хатлонӣ Тӯрабой Қобилов, Пиримқул Сатторӣ, Шарифамо Кишварова, Сайидҷалол Фахриддинов, Шарофиддин Қосимов, Зикрулло Валиев, Таваккал Файзуллоев, Зуҳуриддин Суярӣ, Эркин Маҳкамов, Олимҷон Ёрасенов, Ҳомидҷон Ҳакимов, Аюбҷон Неъматов, Ҷунайдулло Халифаев, Эмиля Подабед дар рӯзҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти ҷинояткорони яроқбадаст ба ҳалокат расонда шуданд. Онҳо дар солҳои 90-уми қарни гузашта дар вазъияти номуътадили сиёсӣ, идома доштани ҷанги шаҳрвандӣ, рисолати рӯзноманигориашонро бо сари баланд, содиқонаю софдилона ба ҷо оварданд.
Ёд дорам, рӯзҳои аввали ҷанги шаҳрвандиро. Вазъ, махсусан дар шаҳри Бохтар, Вахшу Кӯшониён мураккаб буд. Дар ин рӯзҳои вазнин устод Тӯрабой Қобилов муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Байрақи дӯстӣ”-и ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар)-ро ба уҳда дошт. Ба касбаш дилсӯзу содиқ монд. Ҳалиму хоксор, масъулиятшиносӣ, дардошноӣ, дар кор сахтгирӣ аз ҷумлаи хислатҳои неки устод буд. Вале, мутаассифона, ин инсони бузург аз дасти наҳзатиён, ки ҳамчун хоинони ватан ном бароварда буданду бебаҳона ҷиноят содир мекарданд, ба ҳалокат расид. Ӯ пайваста ғами ҳамкорону тобеонашро мехӯрд. Дар шодиву ғами онҳо шарик буд. Дар ҳамон рӯзҳои вазнин барои додани маоши коргарон ба ноҳияи Кӯшониён рафт, вале, сад афсӯсу дареғ, ӯ ба кор рафту дигарбора ба хона барнагашт. Имрӯз низ кори неку номи некаш дар дилу дидаҳо боқист.
Номи устодони сухан, қаламкашони шинохта чун Аскаралӣ Набиев, Тоҳирҷон Асомиддинов, Файзалӣ Чориев, Аброри Зоҳир, Мисралӣ Сониев, Раҳмат Ташрифов, Сайидаҳмад Ҳасанов, Ғаффоралӣ Сафар, Солиҷон Комилов, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Темур Хоҷаев, Мирзо Сулаймонов, Сафар Зайниддинов, Абдуалим Муродов, Султон Юсуфов, Қувваталӣ Холов, Акбар Муслимов, Исматулло Ибодов, Яхшибой Пирматов, Мирзопӯлод Тошбеков, Солиҷон Қаҳҳоров, Абдурашид Ҳомидов, Абдулвоҳид Саидов, Ғулом Соҳибов, Нурхон Ниёзов, Акбаралӣ Умаров, Абдуллоҷон Абдулхалилов, Бӯрибой Парпоқов, Муқимҷон Мухторовро бо ифтихор ёд мекунем. Онҳо низ дар рушди матбуоти тоҷик саҳми бузург дошта, аз худ номи неку кори нек боқӣ гузоштаанд.
Дарднок аст, дӯсти ҷонӣ, бародари дардошно, ҳамкасби маслиҳатчӣ, инсони маҳфилоро, марди соҳибдилу сарбаландро аз даст додан. Абдувалӣ Абдувоҳидов аз зумраи чунин инсонҳо буд. Рӯзи 20 октябри соли 2018 собиқадори матбуоти тоҷик, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Абдувалӣ Абдувоҳидов дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт. Реҳлати устоди сухан боиси таассуфу андуҳи гарони ҳамкасбон ва онҳое, ки ӯро мешинохтанд, гардид. Масъулиятшиносӣ, касбияти воло, хушбинӣ, хушкорӣ ва хулқу атвори накӯ аз хислатҳои ҳамидаи ин инсони наҷиб буданд. Дарвоқеъ, Абдувалӣ Абдувоҳидов шоистаи эҳтироми ҷомеа буд. Имрӯз ӯ аз ҷамъи мо рафта бошад ҳам, валекин кори неку номи некаш дар зеҳну замири мо-дӯстону ҳамкасбонаш боқист ва ҳамеша дуо мекунем, ки манзили охираташ ободу рӯҳаш шод бошад.
Мутаассифона, аз ид то ид чанд нафаре аз ҳамсафонро аз даст додем.
Рӯзноманигорони муваффақу пуркор Муродҷон Сотиев ва Ҳусейнҷон Маликов, Муқим Абдураҳмонов, Шоимназар Омонов акнун дар ин рӯз бо мо нестанд. Ҷойи онҳо дар паҳлуи мо холист.
Дар ин айём боз як қалби қаламкаш-Муродҷон Сотиев аз тапидан бозмонд. Қалбе, ки саршор аз меҳру муҳаббат, одаму одамгарӣ, ёру бародархондагӣ ва пурорзу буд. Дар ин қалби дарёшабеҳ аз кину адоват, ҳасудиву бахилӣ, нокасиву ноҷавонмардӣ нишоне набуд.
Муродҷон Сотиев, собиқадори матбуоти тоҷик, узви ИЖТ, рӯзноманигори шинохта, соҳибному соҳибэҳтиром 4 апрели соли 2019 дар синни 56-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ ҳамеша чеҳракушода, меҳрубону дардошно буд. Муродҷон сухан дар лаб, ханда дар чеҳра, орзую ниятҳои нек дар қалб бармаҳал бо зиндагӣ падруд гуфт.
Ману Муродҷон бо ҳам аҳди бародархондӣ доштем. Солҳои зиёд дар рӯзномаи вилоятии “Новый Хатлон” якҷоя фаъолият мекардем. Солҳои охир ӯ дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Новый Хатлон” кор мекард. Ҳамкори маслиҳатчӣ, дӯсти содиқу ҷонӣ, ба қавле ҷони одам буд.
Афсӯс, сад афсӯс, ки имрӯз Муродҷон дар қайди ҳаёт нест. Вале ӯ бо ҳамон чеҳрахандонӣ, табассуми ба худ хосаш, бо одаму одамгариаш, ҳазлу мутоибаҳои шакаринаш дар дилу дидаҳои мо боқӣ мемонад.
Марги нобаҳангоми дӯсту бародар ва ҳамкасбу ҳамкор Ҳусейнҷон Маликов, ки он 30 ноябри соли 2019 рух дод, моро боз ғамгин намуд. Ӯ рӯзноманигоре буд, ки касбашро дӯст медошт, вазифаи бар дӯшаш вогузоштаро сари вақт, хубу хонданӣ иҷро мекард. Ӯ инсоне буд нотакрор. Ҳамчун рӯзноманигор назир надошт. Сермаҳсул буд, таъҷилӣ кор мекард, кораш пухтаю судманд буд. Ба касби рӯзноманигорӣ содиқ буду доимо ба андешаи эҷод кардан мекӯшид. Бо меҳнати софдилонаю беғаразона обрӯю эътибор ёфт.
Сад афсӯсу дареғ, ки ин инсони шарифу азиз низ имрӯз дар байни мо нест. Вале кору номи некаш то ҷовидон дар қалбу ёдҳо боқӣ хоҳад монд. Шомгоҳи 15 августи соли равон қалби поку дардошно, марди наҷибу нексиришт, инсони комилу адиби соҳибзавқ, рӯзноманигори шинохта, собиқадори матбуоти тоҷик устод Муқим Абдураҳмонов дар синни 82-солагӣ аз тапидан бозмонд. Устод дар меҳрубониву ҳалимӣ ҳамто надоштанд. Ҳама умр хоксорона зистанд ва хоксорона ба хок рафтанд...
Марги устод Муқим Абдураҳмонов ҳамаи онҳоеро, ки ӯро мешинохтанд, бахусус ҳамкасбону шогирдонро ғамгин намуд. Зеро ӯ ҷони одам буданд, маслиҳат медоданд, заҳмати ҳампешагонро қадр мекарданд.
Ҷонам фидои одаме, ки ҷони одам аст, Қурбони он дилам, ки ӯ қурбони одам аст. Оре, устод ҷони одам буданд. Бо нони рӯзноманигорӣ қаноат карда, заҳмат кашиданд, пеши мушкилиҳои ҳаёт сар хам нанамуданд, бо меҳнати ҳалол соҳибобрӯ шуда, ба қуллаи мурод расиданд.
Устод Муқим Абдураҳмонов ба дунёи ҳастӣ пок омаду нек гуфт ва аз дунё пок рафту нек ба ёдҳо монд. Аз худ некию покӣ ва номи баланд боқӣ гузошт.
Рӯҳат шоду манзили охиратат обод бод, устод Муқим Абдураҳмонов!
...Ёде аз ҳамкасбон карда, дуо мекунем, ки рӯҳашон шоду манзили охираташон обод бошад.
Чун ба гетӣ ҳар кӣ меояд, равон хоҳад гузашт,
Хуррам он кас, к-ӯ накуном аз ҷаҳон хоҳад гузашт.
Саттор ҚАРАХОНОВ,
«Хатлон», 11 марти соли 2021