«Аз Навиди Вахш» то ба «Хатлон» мекунем табрик шуморо!»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 833
Рӯзномаи маъруфу хондании «Хатлон» 90-сола шуд. Ин рақами хеле бузург аст. Расо бо зам кардани 10 соли дигар рақами 100, як асрро хоҳад дод. Зери рақами 90 саҳифаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, адабӣ, иҷтимоӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, диловарию матонати мардуми заҳматкаши мо, хулоса рушду нумӯи як вилояти бузурги натанҳо Тоҷикистон, балки минтақа нуҳуфтааст.
Нақши ин рӯзнома дар сохтмону ободонӣ, тарзи ҳаёти нав дар он замони дури таърихии кишварамон бисёр калон аст. Маҳз 90 сол муқаддам, замони бо қарори Ҳукумати Шӯравӣ ба обёрӣ намудани заминҳои водии асрҳо лабташнаи водии Вахш шурӯъ намудани халқи Шӯравӣ ва сохтмони умумииттифоқӣ эълон гардидани «Вахшстрой» ин нашрия зода шуд. Дар тӯли 90 сол нашрия таърихофари ин сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон гардидааст.
Нашрия хизмати бемислу монанди худро дар ҳаёти маърифатноккунонии ҷомеа, созандагию ободкорӣ, тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои сарнавиштсози ҷомеа дар равоқи таърих ба ёдгор гузоштааст. Дар нашрия сар карда аз шоири шинохтаи тоҷик, Лауреати мукофоти давлатии СССР, Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар, то устодони дигар, кору фаъолият намудаву дасти худу дасти дигаронро дар кори мушкили рӯзноманигорӣ ва эҷодкорӣ рост намудаанд.
Дар хусуси ин рӯзномаи маъруф, созандагони водии Вахш, котиби ҳизбии округи Қӯрғонтеппаву Комиссари халқӣ оид ба замини ҶШС Тоҷикистон, баъдан Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, аввалин вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби СССР Евгений Алексеевский (замони вазирияш солҳои 1965-1979) ва адиби дар СССР хело машҳур Бруно Ясенский (муаллифи романи маъруфи «Одам пӯсташро дигар мекунад»), шоири инқилобии Шарқ, устод Абулқосим Лоҳутӣ, рӯзноманигори башардӯсту адиби чех Юлиус Фучик ва дигарон хуб медонистанд ва ин қаламкашону инсонҳои маъруф бо нашрия низ ҳамкории эҷодӣ доштанд.
Барҳақ, мактаби эҷодии ин нашрия дар тӯли 90 сол монанд ба як Академияи иттилоотию сабақомӯзии рӯзноманигорон аст ва коллективи ин нашрияи маъруф метавонад аз ин фахр намояд. Бо ин нашрияи маъруф каминаи камтарин аз охири солҳои 80-уми асри гузашта ҳамкорӣ дорам ва мақолаҳои зиёди касбӣ ва навиштаҳои фарҳангию адабии зиёдамро низ дар ин нашрия чоп намудаам.
Аз ин рӯ, ин нашрия дар байни зиёда аз 100 нашрияе, ки мақола чоп намудаам (зиёда аз 80 нашрияи ватанӣ ва 20 нашрияи хориҷӣ), барои ман чун нашрияи хешованд, чун як решапайванд ҷойгоҳи махсуси худро дорад ва сахт азиз низ ҳаст.
Аз фурсат истифода бурда, аҳли кормандони ин нашрия ва собиқадорони он, кулли қаламкашони вилояту кишвар ва гузашта аз ин, тамоми мардуми шарифи вилоятро ба муносибати 90- солагии рӯзнома табрик менамоям.
Бигузор муваффақиятҳои эҷодӣ ҳама вақт насиби кормандони аҳли эҷоди ин нашрия ва қаламашон сабз бошаду доимо саодатманду хушилҳом бимонанд.
Он чи мақсуди одамизод аст,
Номи нек асту дигар бод аст!
Варқаи Зайниддин,
Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон