Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 30 рӯйдоди муҳимтарини фарҳангӣ дар 30 соли Истиқлоли кишвар


30 рӯйдоди муҳимтарини фарҳангӣ дар 30 соли Истиқлоли кишвар


 
Истиқлолиятро бесабаб меваи шаҳдбор намегӯяндТӯли 30 солеки кишварамон соҳибистиқлол астТоҷикистон ба дастовардҳои чашм расу беназире дар арсаи фарҳанг ва адабиёт ноил гардидки ба таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣмеҳанпарастӣэҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таърихии тоҷикон сабаб шудДар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ солгарди бузургтарин адибони форсу тоҷикро дар сатҳи миллию байналмилалӣ таҷлил намудем ва ба хотири гиромидошти онҳо аксҳояшон рӯйи воҳиди пули миллӣ ҷой гирифта, шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номашон гузошта шуд. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтем якчанд рӯйдоди муҳимми фарҳангиро ёдовар шавем.

 
1. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ аввалин Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва ҷамъияти «Пайванд» баргузор гардид (сентябри соли 1992). «Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи тоҷикҳо ва ба таври умум хонаи умеди ҳамаи ҳамзабонони бурунмарзии мо аст», - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
 
2. Соли 1994 дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ барпо гардид ва ҳайкали шоир қомат афрохт. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист» - Эмомалӣ Раҳмон. 
 
3. Таҷлили бошукӯҳи 680-солагӣ (соли 1995) ва 700-солагии олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соли 2015) ва баргузории як идда конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон. «Пос доштани хотираи бузургоне мисли Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар шахсиятҳои нотакрори илму адабамон набояд фақат ба хотири ифтихору болидан бошад. Дар ҳамон сурат эҳтироми бузургонамонро ба ҷо меорем, ки осори онҳоро омӯзем, фарзандонамонро дар рӯҳияи таълимоти онҳо тарбия кунем, фармудаҳои онҳоро дастури амал қарор диҳем, то ки дар оянда ҳам аз байни халқи мо Рӯдакиҳо, Фирдавсиҳо, Бӯалиҳо, Хайёмҳо, Мир Сайидҳо ба воя расанду мо дар рушди тамаддуни башар саҳмгузор бошем», - зикр карда буд Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба ифтихори 680-солагии ин мутафаккир 4 сентябри соли 1995.
 
4. Соли 1996 дар Тоҷикистон 675-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ таҷлил гардида, ба ин муносибат дар Хуҷанд муҷассамаи он шоири тавоно гузошта шуд. «Хуҷанд Камол ва Камол Хуҷанди худро машҳури ҷаҳон сохтаанд… Дарахти андешаҳои башардӯстонаи шайх Камол мисли дарахти зиндагӣ асрҳои аср сарсабзу устувор боқӣ хоҳад монд», - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
 
5. Таҷлили бошукӯҳ аз 90-умин солгарди академик Бобоҷон Ғафуров ва бознашри асари безаволи ӯ «Тоҷикон» бо сифати баланд ва пешгуфтори Эмомалӣ Раҳмон (1998). «Бобоҷон Ғафуров ва тоҷику Тоҷикистон мафҳумҳои аз ҳам ҷудонашавандаанд» - Эмомалӣ Раҳмон.
 
6. Соли 1999 ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён барпо гардид. Бахшида ба ҳамин ҷашн муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва аксари навоҳии кишвар қомат афрохт. «Давлати Сомониён барҳақ машъале буд, ки роҳи тамаддуну давлатдориҳоро дар давоми садсолаҳо мунаввар сохта, як давраи хеле пурбаракату мусоиди болоравӣ ва нақши ҷовидонаи миллати тоҷикро дар арсаи таърих фароҳам овард» - Э. Раҳмон.
 
7. Соли 1999 қалъаи таърихии Қӯрғон барқарор ва дар болояш осорхонаи кишваршиносии «Бибихонум» бунёд шуд. «Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа на танҳо аз харобиҳои он даврони ноором осоре боқӣ намондааст, балки он дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ нисбат ба солҳои пешин хеле ободу зеботар шудааст» - Э. Раҳмон.
 
8. Соли 1999 бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров, соли 2001 ба Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода унвони олии давлатӣ - «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Инчунин акси онҳо дар рӯйи воҳиди пулӣ – сомонӣ низ ҷой гирифт.
 
9. Таҷлили ҷашни бошукӯҳи 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан. «Ин гӯшаи қадимаи сарзамини тоҷикон яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, дар таърихи тӯлонии мавҷудияти худ як пораи сарнавишту саргузашти миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни моро нигаҳдорӣ ва ҳифз кардааст. Истаравшан ҳанӯз дар даврони салтанати Ҳахоманишиён маълум буда, дар давоми асрҳои зиёд борҳо таҳти тасарруф ва ҷабру харобкориҳои лашкари аҷнабиён қарор гирифтааст ва ҳар дафъа бо талошу мубориза ва заҳмати сангини фарзандони бонангу номусаш аз нав эҳё ва обод шудааст» - Э. Раҳмон.
 
10. Дарёфти муҷассамаи азими Буддо дар Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш низ аз намоёнтарин рӯйдодҳои фарҳангии Тоҷикистон дар даврони истиқлол буд. Ҳоло ин ёдгории машҳуру камназири Тоҷикистон дар ошёнаи якуми Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст, ки аҳли илми ҷаҳон ба ин ёдгории таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
 
11. Соли 2006 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид. Дар доираи ин ҷашн дар Кӯлоб садҳо иншооти бузурги таърихӣ, меъморӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ бунёд шуданд.
 
12. Соли 2008 бо қарори ЮНЕСКО ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1150-солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил намуд. Ҳар сол дар Тоҷикистон 22-уми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ қайд мешавад. Инчунин калонтарин воҳиди пулӣ – 500 сомонӣ низ бо акси Рӯдакии бузург муаррифӣ мегардад. Мақбараи Рӯдакӣ дар Панҷакент аз нав барқарор гардид. «Рӯдакӣ натанҳо шаклу мазмуни назми тоҷикро ба такомул расонид, балки бо эҷодиёти ғанӣ, гаронбаҳо ва нотакрори худ ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт, ки онро сабки Рӯдакӣ ҳам мегӯянд. Ӯ, ҳамчунин, асоси адабиёти тоҷик ва гузашта аз он, бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард» - Э. Раҳмон.
 
13. Соли 2009 бо ибтикор ва пешниҳоди Тоҷикистон Наврӯз бар асоси қарори Созмони Милали Муттаҳид чун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф гардид. «Ин иқдом аз бузургиву шаҳомати Наврӯз, ки аз ин пас доманаи анъанаву оинҳои он чун васлгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳо густариш хоҳад ёфт, ба таври возеҳ шаҳодат медиҳад» - Э. Раҳмон.
 
14. Соли 2009 дар Тоҷикистон 1310-солагии Имоми Аъзам – асосгузори мазҳаби ҳанафия, ки аксари кулли мардуми кишвар аз он пайравӣ мекунанд, таҷлил шуд. Дар доираи ин ҷашн конфронсҳои байналмилалӣ бо иштироки меҳмонон аз хориҷи кишвар баргузор шуд. Бахшида ба ин ҷашн китобҳои зиёде рӯйи чоп омад. Инчунин, Қуръони маҷид бо хати кириллӣ чоп ва дастраси мардум гардид.
 
15. Соли 2009 Қонуни нави забони давлатӣ қабул гардид. Минбаъд, ҳар сол 5 октябр чун Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон қайд мешавад. “Хусусан, имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем” – Э. Раҳмон.
 
16. Милаи Парчами давлатии Тоҷикистон бо дарозии 165 метр дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохт, ки ба дарозии худ дар ҷаҳон камназир аст. Ин рӯйдод ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гардид.
 
17. Соли 2012 бинои муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо технологияи муосир дар шакли замонавӣ ба истифода дода шуд. «Рӯзе, ки хишти нахустини Китобхонаи миллӣ гузошта шуд, мо онро дар кишвар ҳамчун Рӯзи китоб эълон кардем. Агар таваҷҷуҳ карда, бошед, қисмати байни бино ду саҳифаи бозшудаи китобро акс менамояд ва ин гувоҳ аст, ки аз ҳамин рӯз сар карда дарҳои Китобхонаи миллии мо ба рӯи дӯстдорони китоб ва ҷӯяндагони илму дониш ҳамеша боз хоҳанд буд» - Э. Раҳмон.
 
18. Соли 2013 Осорхонаи миллии Тоҷикиситон тибқи меъёрҳои муосир бино гардида, бо маҷмааи бошукӯҳ ва назаррабои Қасри миллат, Парчам ва Нишони давлатӣ, Китобхонаи миллӣ, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ омезиш ёфта, ҳусни пойтахт ва ин майдони бузургро боз ҳам зеботар гардонид.
 
19. Бо фармони Президенти кишвар 30-уми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ эълон гардид. Сарвари давлат ба рамзи гиромидошти ин орифи бузург ба зиёрати оромгоҳи Румӣ ба шаҳри Қунияи Туркия сафар кард. Қуния ва Қӯрғонтеппа бародаршаҳр эълон гардиданд ва ноҳияи Колхозободи вилояти Хатлон ба номи Ҷалолиддини Румӣ гузошта шуд.
 
20. Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии иҷрокунандагони мусиқии классикии “Шашмақом” баргузор шуда, санаи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллои Рӯдакӣ ба феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО, шаҳраки қадимаи Саразм ба феҳристи муссавараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта моҳи августи соли 2013 Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг бо камоли мамнуният Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо медали ҷашнии «60-солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонид.
 
21. Соли 2014 90-умин солгарди мақоми пойтахтро гирифтани шаҳри Душанбе таҷлил шуд. Дар доираи ин ҷашн иншоотҳои азими таърихӣ, маъмурӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Даҳ сол пеш 80-солагии пойтахт таҷлил гардида буд.
 
22. Соли 2014 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки ноҳияи Хоҷамастон ба гиромидошти Абдураҳмони Ҷомӣ номи ин шоирро гирифтааст. «Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шоир, донишманд ва орифи номӣ ғайримантиқӣ ва беасосу далел будани тафриқаҳои миёни шиъаю суннӣ ва дигар мазҳабу равияҳои диниро бо далелҳои мантиқӣ ва шаръӣ исбот намуда, ба ҳама чиз аз рӯи ақлу дониш ва риояти ҳадди эътидол менигарист ва аз ҳамин дидгоҳ баҳо медод» - Э. Раҳмон.
 
23. Дар ин давра шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб Пойтахти фарҳангии кишварҳои узви ИДМ эълон гардиданд. «Бо тантана ҷараён доштани тадбирҳои бахшида ба Пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб гувоҳи пуштибонии самимонаи сокинони шаҳри Кӯлоб аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар мебошанд» - Эмомалӣ Раҳмон.
 
24. Таҷ лили 3000-солагии Ҳисори шодмон дар сатҳи байналмилалӣ дар соли 2015.
 
Бояд гуфт, ки дар доираи барпо гардидани ин ҷашнҳо чандин иншоот ба истифода дода шуда, якчанд китобҳо ба чоп мерасанд. Осорхона ва мавзеъи таърихӣ – Қалъаи Ҳисор бозсозӣ шуданд.
 
25. Бори аввал дар Тоҷикистон «Рӯзи ҷаҳонии шеър» таҷлил гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти анъанавии худ бо зиёиёни эҷодкори мамлакат ҳамаи адибону шоиронро ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо табъи саршор ва илҳоми тозаи эҷодӣ орзу намуданд.
 
- Яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ аз рӯзгори куҳан то ба имрӯз барпо намудани базмҳои шеър мебошад, ки боиси шуҳрат пайдо кардани адабиёт, бахусус шеър дар саросари олам гардидааст, - зикр намуданд Сарвари мамлакат. - Воқеан, ба таъбири устод Рӯдакӣ “бо сад ҳазор накҳат омадани баҳори хуррам ва бо рангу бӯи аҷиб” ороиш ёфтани олам, пеш аз ҳама, эҳсоси шоирон ва аҳли  эҷодро ба шӯр оварда, онҳоро водор месозад, ки аз нишоту шодмонӣ, хушиву хушҳолӣ сухан гӯянд ва занги кудуратро мисли сардиҳои зимистон аз дилҳои хонандаву шунавандагони худ берун андозанд.
 
26. Соли 2017 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шуд. Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ тадриҷан таъмин гардид. Дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шуд. 
 
Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Бо ибтикори Пешвои миллат, ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд.
 
27. Эълон гардидани со ли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019- 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иқдомоти наҷибе буданд, ки барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихии меъморию табиӣ, эҳёву инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ, бунёду азнавсозии иншооти гуногун дар деҳот ва дар маҷмӯъ, баҳри рушди маҳал заминаи мусоид фароҳам оварданд.
 
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд.
 
28. Бар гузории Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои хотирмони соли 2019 мебошад.
 
Дар кори ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ аҳли зиёи мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ - иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ ширкат варзиданд.
 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи ҳамоиш ва дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ овардани олимону коршиносонро нигоҳи нав ва диди тоза ба 1120- солагии давлати Сомониён, давраи пурифтихори халқи тоҷик, баррасӣ ва арҷгузорӣ ба ин мероси бузург, яъне таъриху фарҳанги замони давлатдории Сомониён, нақши созандаи ин сулолаи ориёӣ дар рушди давлатдории тоҷикон ва дигар халқҳои минтақаву ҷаҳон аз нигоҳи принсипҳои адолати таърихиву иҷтимоӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ ва омӯзиши анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангӣ, бахусус, мақоми шоистаи ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод - “Наврӯз”, “Меҳргон” ва “Сада” дар ташаккули тамаддуни Шарқу Ғарб, инчунин, нақши Куруши Кабир ва Борбади Марвазӣ арзёбӣ карданд.
 
29. Ҷашни 5500- солагии шаҳри қадимаи Саразм таҷлил гардид. Ба ин муносибат корҳои созандагию бунёдкорӣ ва барномаҳои мукаммали фарҳангию маърифатӣ сурат гирифтанд.
 
Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикр-шуда ворид гардиданд ва тасмим гирифта шуд, ки мусиқии «Фалак», ёдгории таърихии «Ҳулбук» ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.
 
Бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо - чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.
 
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад. 
 
30. Бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пойтахти маҳбуби тоҷикон - шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 эълон карда шуд.

Ин шаҳодати он аст, ки маҳз бо ҳидояту дастгириҳои Бунёдгузори давлати навини тоҷикон, Пешвои адабпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаю ободкоронаи Раиси ҷавону ватандӯсти шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир пойтахти азизамон ба шаҳри сабзу дилоро, фарҳангию сайёҳӣ ва макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мубаддал гардид.
 
Душанбе, айни замон, бо 18 шаҳри калонтарину пешрафтаи Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳусни тафоҳум ва паймони бародаршаҳрӣ дорад, ки дар доираи ин муносибатҳо чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва илмию оммавӣ баргузор мешаванд.
 
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода