Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таҷлили Рӯзи Фалак дар маркази вилоят


Таҷлили Рӯзи Фалак дар маркази вилоят


      Ҳамасола 10 октябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун "Рӯзи фалак" таҷлил карда мешавад. Ба ин муносиб имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода "Рӯзи фалак" бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид. 

Раиси вилояти Хатлон аҳли толор аз ҷумла ҳунармандони ансамбли давлатии фалаки вилоятро бо ҷашни фалаку рӯзи гиромидошти ин санъати мусиқии касби муборакбоди намуда изҳор доштанд, дар вилояти Хатлон аз соли 2002 инҷониб ансамбли давдатии фалаксароён дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб таъсис дода шуда, дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ алоқамандии ин санъати волои мусиқи зиёданд. Таваҷҷуҳ аён аст, ки минбаъда мақому манзалати ин савти тоҷики баланд бардошта хоҳад шуд.
Тавре таъкид шуд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф доранд, ки фалакро низ гунаи чакану дигар арзишҳои миллӣ ба руйхати ёдгориҳои қадимаи Юнеско мавқеъ гузорад. Фалак аз қадимтарин мусиқии тоҷикон маҳсуб ёфта мавзуъҳои фироқу дӯстдори ва шиква аз ҳаводиси гузаштаро фаро мегирад. Дар Тоҷикистон чандин навъи фалаксарои мавҷуд аст, ки ҳар минтақаи Ватан бо лаҳну шеваи хеш ин жанри мураккабро таҷриба мекунанд. Макони фалаксароён Хатлон аст, ки ҳар хурду бузурги ин ҷо аз нозукиҳои санъати фалакхони огаҳанд. Барои аҳли толор барномаи рангини зиндаи фалакхони пешниҳод карда шуд. Аҳли ҳунари Раёсати фарҳанги вилоят ва шаҳри Бохтар бо пешниҳоди сурудҳои фалаки хотираи иштирокчиёнро болида гардониданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода