Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Фархор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 934
2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон дар маркази ноҳияи Фархор бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ноҳияро бо ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки барои халқи куҳанбунёди тоҷик воқеан як санаи таърихӣ мебошад, табрик гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдому ташаббус ва корҳои созандаи сокинони ноҳия изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор доштанд, ки соҳибкорони ватандӯст ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ 470 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва хизматрасониро бунёд карда, ба истифода додаанд.
Ҳукумати мамлакат барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини рушди ноҳияи Фархор дар даврони истиқлолият барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 1,4 миллиард сомонӣ равона кардааст.
Давоми солҳои истиқлолият дар ноҳия 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 320 миллион сомонӣ амалӣ шуда, ҳоло татбиқи боз 9 лоиҳаи дигар идома дорад ва маблағи дар доираи онҳо то имрӯз азхудшуда беш аз 110 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳо дар маҷмуъ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳия ва деҳоти он, амалӣ карда шуданд. Илова ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016 - 2020 боз 120 лоиҳа ба маблағи 250 миллион сомонӣ амалӣ гардид.
Дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Фархор барои солҳои 2021 - 2025 иҷрои 198 лоиҳа ба маблағи беш аз 570 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳо ва бахши хусусӣ, ҷиҳати самараноку босифат татбиқ гардидани барнома, беҳтар ба роҳ монад. Зеро иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад.
Ноҳияи Фархор яке аз калонтарин минтақаҳои аграрии кишвар буда, соҳаи кишоварзӣ дар самти пешбурди иқтисодиёти ноҳия ва таъмин намудани некӯаҳволии сокинони он нақши муҳим дорад. Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати пурмаҳсули сокинони ноҳия майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, боғҳо ва саршумори чорво хеле зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, полезӣ, мева, гӯшту шир, асал ва дигар намудҳои маҳсулот хеле афзоиш ёфтааст.
Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлат шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳияи Фархор сол ба сол афзоиш ёфта, ҳоло ба 2335 расидааст.
Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 170 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2000-ум 3,6 баробар афзудааст.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳияи Фархор 39 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои қариб 18 ҳазор нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Баъди таҳлили амиқи дастовардҳои ноҳия дар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар охир Президенти мамлакат бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Фархор бо фаъолияти созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, ҳифзи сулҳу суботи кишварамон ва таҳкими ваҳдати миллиамон минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони меҳмоннавози ноҳияи Фархор Ширинмоҳ Абдураҳмонзода – донишҷӯ, Ҷамшед Муродзода – донишҷӯ, Гулнигор Наҷмиддинова – хонанда ва Ширинмоҳ Назирмадова - табиб баромад карда, васфи музаффариятҳои кишвар, шукри ваҳдат, сулҳу субот ва Пешвои хирадманди худро намуданд.president.t