Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Матбуоти даврӣ холигиҳои маънавии ҷомеаро пур мекунад


Матбуоти даврӣ холигиҳои маънавии ҷомеаро пур мекунад



Табъу нашр яке аз соҳаҳои муҳим буда, ниёз ба маҳсулоти чопӣ ҳамеша дар мадди аввал меистад. Хоса дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза, ки ниёз ба иттилоот рӯ ба афзоиш аст. Дар баробари матбуот воситаҳои ахбори электронӣ фаъолияти густурда доранд. Аммо талаботи аҳли ҷомеаро ба иттилоот ва маводи чопӣ пурра таъмин карда наметавонанд. Ин холигии маънавиро дар ҷомеа соҳаи табъу нашр ва матбуоти даврӣ пур мекунад ва иттилооти комил ба муштариён расонда мешавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонда шудааст. Солҳои нахустини ба истиқлолият даст ёфтани кишварамон соҳаи табъу нашри вилоят ҳам ба буҳрони шадид мувоҷеҳ шуда буд. Аз ҷумла, аксари мутахассисон соҳаро тарк карда, як муддати муайян нашри рӯзномаву маҷалла ва китоб ба таъхир афтод. Дастрас кардани коғаз ва дигар маводу лавозимоти полиграфӣ мушкил гардид. Зеро муваққатан алоқаҳо бо шарикони тиҷоратӣ канда шуд ва мушкилоти молиявии нашрияҳо ва матбааҳои ҳудуди вилоят рӯйи кор омад.

Аммо зарурати ба мардум расонидани иттилоот, дар ин замина фаъол кардани соҳаи табъу нашр тақозои замон буд. Ин омилро ба инобат гирифта, роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҷоннок кардани соҳаи табъу нашрро дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор дода, марҳила ба марҳила барои инкишофи ин соҳаи афзалиятнок шароит ба вуҷуд оварда, оҳиста-оҳиста мутахассисони маҳаллӣ ба соҳа баргаштанд, нашрияҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъолияти хешро аз нав ҷоннок карданд. Кор дар ин асос дар матбааи вилоятӣ беҳтар шудан гирифт. Робитаҳои корӣ бо ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ барқарор шуда, нашри бланкаҳо барои ҳуҷҷатгузорӣ ривоҷ ёфт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати фарҳанги мамлакат масъалаи таъминоти молиявӣ, техникии матбааи вилоятиро муҳим арзёбӣ карда, дар ин самт ҳамкориро ривоҷ доданд. Дар натиҷа, сатҳи фаъолият хуб шуда, муштариёни матбааи вилоят ба маротиб афзуданд.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо вазъи молиявии нашрияҳо беҳбудӣ ёфт ва дар ин замина ҳамкории мо бо нашрияҳо васеътар гардид.

Баъди он ки бо дастгирии собиқ раиси вилоят барои матбааи мо ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ дастгоҳи замонавии рӯзномачопкунӣ харидорӣ шуд, кори мо пешрав гардид.

Кори имрӯзаамонро ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кунем, ҳаҷми кор афзудааст. Сифати маводи чопӣ беҳтар шуда, ба стандартҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Аксари рӯзномаҳои шаҳрию вилоятӣ имрӯз дар матбааи мо чоп мешаванд. Маводи зарурии полиграфӣ барои дар сатҳи олӣ гузаронидани маъракаҳи сиёсӣ дар вилоятро мо-полиграфистони вилоят сари вақт ва бо сифати баланд омода мекунем. Ин ҳама самараи истиқлолият аст.

Бояд зикр кард, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба нашрияҳои вилоятӣ кӯмаки молиявӣ расонда, сатҳу сифати ҳамкориҳои моро бо рӯзномаҳои вилоятӣ беҳбуд бахши-
данд.

Ҳамчунин, бо баракати истиқлолияти кишвар дар миқёси вилоят рӯзномаҳои «Пайк», «Ваҳдатсаро», «Иттифоқ» ташкил ёфтанд. Ва шумораи муштариёни мо аз ин ҳисоб афзуд. Чархи таърих ба пеш ҳаракат мекунад. Ниёз ба сифатнокии маводи чопӣ зиёд мешавад ва мо ноширон вазифадорем, ҳамқадами замон бошем. Сатҳу сифати корро баланд бардошта, теъдоди муштариён ва даромади иқтисодии соҳаро афзун созем.

Ноширони вилоят рисолати хешро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро карда, баҳри сари вақт чоп кардани нашрияҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ софдилона фаъолият мебаранд. Ба ин мақсад онҳо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати дар сатҳи олӣ ба роҳ мондани хизмати полиграфӣ асоси фаъолият қарор дода, баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон камари ҳиммат бастаанд.

Сайвалӣ Сайфуллоев,
директори “Матбааи-Қӯрғонтеппа

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода