Сабақи табадуллоти давлатӣ дар Афғонистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 684
Нақшаи «Толибон» кайҳо боз ба роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маълум буд. Роҳбарони давлат, масъулини мақомотҳои қудратӣ вазъиятро хуб медонистанд. Вале аҷибаш он аст, ки баъди аз хоки давлати Исломии Афғонистон баромадани неруҳои Штатҳои Муттаҳидаи Америка амалиёти «Толибон» оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ онҳо минтақаҳои гуногуни мамлакатро ба осонӣ ишғол карда, баъд ба пойтахти давлат-Кобул ҳуҷум намуданд.
Аслан «Толибон» дар ягон минтақа ба муқобилияти сахт ва ҷиддӣ дучор наомаданд. Афғонистон давлати хурд набуда, ба қадри кифоя артиши миллӣ дорад. Вале онҳо ҳам ба ҳуҷуми «Толибон» тоб наоварда, дар лаҳзаи ҳалкунандаи тақдири давлат муқобилияти ҷиддӣ нишон дода натавонистанд. Роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҷои роҳбарӣ ба рафти амалиёт, баръакс роҳи гурезро пеш гирифтанд.
Ин чӣ маъно дорад? Роҳбарони давлат ба артиши миллии худ чандон эътибор надода, онро барои ҳифзи мамлакат ҳамаҷониба омода накардаанд. Роҳбарияти давлати Афғонистон вазъияти ҳақиқии давлатро пурра дарк накарда, ба неруҳои муҳофизаткунандаи давлат эътибори ҷиддӣ надодаанд. Намояндагони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико иброз доштанд, ки пас аз тарк кардани хоки Афғонистон яроқу аслиҳаи ҷангиро ба сарбозони афғон барои ҳимояи кишварашон додаанд. Мебоист роҳбарияти Афғонистон ба умеди хориҷиён нашуда, ба артиши миллии худ бештар эътибор медоданд. Зеро омодагии «Толибон» барои ғалабаи ҳокимият ба онҳо маълум буд.
Афғонистон яке аз давлатҳои калони минтақа ҳисоб меёбад. Солҳои тӯлонӣ дар ин давлат ҷанг давом карда, артиши миллии давлат дар ин бобат таҷриба ҳам дорад. Маълум мегардад, ки роҳбарияти давлат ва қумандонҳо ба вазъият дуруст сарфаҳм нарафта, баҳри ҳимояи давлат ва миллати хеш омодагии ҷиддӣ надидаанд. Солҳои зиёдест, ки «Толибон» барои соҳиб шудан ба ҳокимият мубориза мебаранд. Аз рӯи хулосаи мутахассисони америкоӣ онҳо ин дафъа барои ғасби ҳокимият омодаи ҷиддӣ дидаанд. Шояд аз ҳамин сабаб неруҳои амрикоӣ пеш аз ҳуҷуми «Толибон» Афғонистонро тарк карданд.
Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ иброз дошт, ки кишвари мо ҷонибдори ҳамсоягии нек, сулҳу салоҳ дар Афғонистони ҳамсоя мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои мусоидат ба сулҳи ин кишвари ҷангзада кӯшиш намуда, дар ҷаласаҳои сатҳи байналмиллалӣ ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Дар ҳама ҳолат Тоҷикистон барои пойдории сулҳ дар Афғонистон кӯшиш намуда, дар ҷаласаҳои байналмилалӣ ин масъаларо ба миён мегузорад.
Сулҳи Афғонистон барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад. Кӯшишҳои якҷоя бояд самараи нек диҳад. Ягон давлат худ ба худ тараққӣ карда наметавонад. Ин ва дигар ҷиҳатҳои давлатдорӣ роҳбарияти «Толибон»-ро водор мекунад барои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо андеша намоянд. Тоҷикистони азизи мо имрӯз ба бӯстони ҳақиқӣ ва биҳишти рӯйи замин табдил ёфтааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар карда, аз наздик ба ҳаёти халқи хеш шинос шуда, дар ҳалли як қатор масъалаҳо кумак расонад. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, дар ҳамаи ҷабҳаҳо қуллаҳои дурахшонро фатҳ хоҳад кард.
Б. Сайдалиев