Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қариб 60%-и маблағи буҷети вилоят ба соҳаи илму маориф ҷудо мешавад


Қариб 60%-и маблағи буҷети вилоят ба соҳаи илму маориф ҷудо мешавад





Имрӯз, 19 август, дар шаҳри Бохтар машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон  баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иштирок намуда, аз дастовардҳои соҳаи маориф, фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорон ёдовар шуданд ва ҳамагонро бо фарорасии соли нави таҳсил шодбош гуфтанд.

Дар ибтидо раиси вилоят ва ҳамроҳонаш аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф ва ҳунарҳои дастии толибилмоне, ки шомили маҳфилҳо ва марказҳои ҳунаромӯзианд, дидан намуданд. Қурбон Ҳакимзода ба хонандагони ҳушманди муассисаҳои таълимӣ барои дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори медал шудан, инчунин ба онҳое, ки ихтироот ва маҳсули дастранҷашонро ба намоиш гузошта буданд, тасанно хонданд.

Баъдан, дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов машварати омӯзгорон доир шуд. Дар оғози сухан раиси вилоят зикр карданд, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯӣ кишвари биҳиштосоямон, мақом ва манзалати хоса дорад.    

Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои  ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, соли равон дар вилоят 89 фоизи маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудаанд, ки аз ин миқдор наздик ба 60 фоизи он (1 миллиарду 242 миллион сомонӣ) ба соҳаҳои илму маориф рост меояд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, давоми  солҳои 2018-2021 аз 790 иншооти соҳа 722 (91,4 фоиз) муассисаи таълимӣ, томактабӣ, бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст. 

- Танҳо соли 2020 бо ҷалби ҳамаи намуди манбаъҳои маблағгузорӣ дар 66 мактаб 445   синфхонаи таълимӣ барои 11124 ҷойи хониш, 3 муассисаи томактабӣ барои 270 ҷойи кӯдак ва дар 7 моҳи соли равон дар 25 мактаб 224 синфхонаи таълимӣ барои 7149 ҷойи хониш ва 1 муассисаи томактабӣ барои 315 ҷойи кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, - идома доданд раиси вилоят. – Дар назар аст, ки то оғози соли нави таҳсили 2021-2022 ва Ҷашни 30-солагии Истиқлол зиёда аз 60 иншооти дигари соҳа барои 9927 ҷойи хониш дар як баст ба истифода супурда шаванд, ки ин иқдом баҳри фарҳамсозии шароити муносиби таҳсили хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дастгирӣ, ҳавасмандсозӣ ва қадршиносии беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли илму зиёи вилоят таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, ҳамасола дар мадди аввал ин қишри ҷомеаро, ки қувваи бузурги зеҳнию ақлонии вилоят мебошанд, ба мукофотҳои давлатию соҳавӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ пешбарӣ мекунад.

Инчунин, ҳамасола наздик ба 5 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди шаҳру ноҳияҳои вилоят имкони дарёфти квотаю стипендияҳои президентӣ ва бурсияҳои таҳсилро ба мактабҳои олии бонуфузи дохили ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои пешрафтаи дунёро доранд.

Ҳар ду сол 10 нафар беҳтарин кормандони соҳа ва омӯзгорони варзидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят соҳиби Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ мегарданд. Бо қарорҳои дахлдори раиси вилояти Хатлон, ҳамасола барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, мувофиқан дар ҳаҷми 5 ва 10 ҳазор сомонӣ ба олимону муҳақиқони вилоят мукофотпулӣ дода мешавад. Соли 2020 дар доираи ин иқдом 22 нафар соҳиби ҷоизаи мазкур гардиданд.

Ба ҳамин монанд, ба хатмкунандагон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хатми мактаб бо аттестати универсалӣ ва равиявии аъло (медали тилло ва нуқра) мувофиқан дар ҳаҷми 10 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст, ки дар солҳои 2019-2020 18 нафар шогирдон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии вилоят соҳиби ин ҷоиза шудаанд. Дар соли 2021 боз 10 нафар шогирдон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии онҳо сазовори ин мукофотпулӣ гардиданд. 

Стипендияҳои номии раиси вилояти Хатлон ба 120 нафар олимону устодони варзида ва донишҷӯёну хонандагони аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҳудуди вилоят, ки дар маҷмӯъ 252 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, стипендияҳои номии раиси вилояти Хатлон ба 70 нафар хонандагони аълохону эҷодкор ва навовари муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар маҷмӯъ 168 ҳазор сомониро дарбар мегирад, таъсису роҳандозӣ намудани мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат”, озмунҳои вилоятии “Навқалами умедбахш” ва ғайра, ки дар маҷмӯъ беш аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, феҳрасти нопурраи чораҷӯиҳое мебошанд, ки амалигардонии онҳо сол аз сол натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд. 

Пас аз маросими тақдими ҷоизаҳои вилоятӣ ба омӯзгорону хонандагони фаъол, инчунин ба як қатор кормандони соҳаи маориф барои натиҷаҳои назарраси фаъолияташон Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.


Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки дар соли нави таҳсили 2021-2022 теъдоди кӯдакони ба синфи 1-и муассисаҳои таълимӣ қабулшаванда ба зиёда аз 100 ҳазор   нафар мерасад. Аз ин рӯ, аз масъулони соҳаи маориф, устодону мураббиён, шогирдон ва волидаёни онҳо даъват шуд, ки ба корҳои безараргардонии муассисаҳои таълимӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ дода, ба хотири пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус, корҳои тарғибу фаҳмондадиҳии тарзи ҳаёти солим, ҳамзамон саривақт гирифтани ваксинаро тақвият бахшида, бо ҳамин дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён саҳмгузор шаванд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода