ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ, Боздид 1 296
Субҳи имрӯз, 14 август дар майдони "70-солагии Водии Вахш" озмуни вилоятии нон ва маҳсулотҳои нонӣ таҳти унвони "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам" баргузор ва ҷамъбаст гардид.
Дар озмуни мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва кадбонуҳои шаҳру навоҳии вилоят ширкат доштанд.
Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои банди 28 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад. Ҳадафи асосии баргузории ин озмун аз эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, тарғиби эҳтиром ба нон ва ҳунари нонпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои мамлакат, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, ҳарчӣ бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани намудҳои нон ва маҳсулоти нонии парҳезӣ дар вилоят, шаҳру ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо иборат мебошад.
Дар озмуни мазкур ташкилоту муассисаҳо ва идораҳо маҳсулоти нонии худро ба намоиш гузоштанд. Сипас, аз ҷониби кумитаи тадорукот ғолибони озмун ва пешқадамон муайян карда шуда, ба ҳамин тариқ ҷойи якум насиби шаҳри Бохтар, ҷойи дуюм шаҳри Кӯлоб ва мақоми сеюм насиби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.