«Ҳимояи шири модар - масъулияти ҳар фард»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 101
Имрӯз, 10 август, дар Тоҷикистон Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон таҳти шиори «Ҳимояи шири модар - масъулияти ҳар фард» ба анҷом мерасад.
Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбат ба дуруст ғизо додани кӯдакон, зиёд намудани дониши падару модарон, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар ва тарзи дурусти синамаконӣ гузаронида мешавад.
Бино ба тавсияи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, додани ғизои иловагӣ аз 6-моҳагии кӯдак бояд оғоз шавад, чунки дар ин синн ба кӯдак миқдори зиёдтари моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо ва витаминҳо заруранд. Дар тамоми муҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ бояд шири модар чун намуди асосии ғизо боқӣ монад, то кӯдаки ширмак онро истеъмол менамояд.