Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ ВАХШ БОЗДИД НАМУДАНД


РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ ВАХШ БОЗДИД НАМУДАНД




Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён аз вазъи соҳили чапи дарёи Вахш дар ҳудуди деҳаи Сари Ҳавзи ҷамоати шаҳраки Бохтариён боздид намуда, бо роҳбарону фаъолони маҳаллӣ ва масъулони сохторҳои дахлдор ҷараёни корҳои пешгирикунандаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи иттилои масъулон, бар асари боронҳои пуршиддати рӯзи 23 май сатҳи оби дарёи Вахш баланд гардида, ба заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаи Сари Ҳавз хатари ҷиддӣ эҷод намудааст. Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи молу мулки шаҳрвандон тадбирҳои фаврӣ андешида шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба роҳ монда шуданд.

Дар маҳалли ҳодиса ситоди махсуси корӣ таъсис дода шуда, фаъолияти шабонарӯзии он бо ҷалби кормандони сохторҳои дахлдор таъмин гардид. Масъулон вазъиятро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои бартараф намудани оқибатҳои эҳтимолии болоравии сатҳи об тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Зимни боздид ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки барои пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ техника ва механизмҳои зарурӣ сафарбар гардида, кормандони мақомоти марбута, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ ба корҳои ҳифзи соҳил фаъолона ҷалб шудаанд.

Раиси вилояти Хатлон ба масъулон ҷиҳати тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, истифодаи самараноки техникаву таҷҳизот ва таъмини омодагии доимӣ барои вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои эҳтимолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Вахш бо иштироки роҳбарияти мақомоти дахлдор, ҳайати шахсии сохторҳои ҳолатҳои фавқулода, кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони деҳаи Сари Ҳавз идома дошта, ҳадафи асосии онҳо пешгирӣ аз шусташавии заминҳои кишоварзӣ, ҳифзи хонаҳои истиқоматӣ ва таъмини амнияти аҳолӣ мебошад.

Масъулон изҳор доштанд, ки вазъият таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, барои ҳифзи аҳолӣ ва инфрасохтори маҳаллӣ тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода