Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол


Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол




Дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши идона муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, ҷавонону варзишгарон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои варзишгарон ва ҷавонони ҳунарманди шаҳр боздид намуда, бо маҳсули фаъолият ва истеъдоди онҳо аз наздик ошно гардиданд.

Дар қисмати расмии чорабинӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, камолоти маънавӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ба як қатор ҷавонони фаъоли вилоят Сипосномаи раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, ғолибони Ҷоми КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Ҷоми раиси шаҳри Бохтар оид ба футболи хурд бо ҷом ва медалҳо қадрдонӣ гардиданд.

Сипас, паёми табрикии видеоии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тавассути намолавҳа ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Барномаи рангини театрикунонидаи бахши фарҳанги шаҳри Бохтар ва ҳунарнамоии сарояндагону ҳунармандони маъруфи кишвар ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хосса бахшида, фазои идонаро боз ҳам фараҳбахш намуд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода