Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба майдони кашфи истеъдодҳои ҷавон табдил ёфта, ин озмуни бонуфуз на танҳо сатҳи китобхонӣ ва маърифати ҷавононро боло мебардорад, балки барои ташаккули шахсиятҳои соҳибдонишу худогоҳ низ заминаи мусоид фароҳам месозад. Дар миёни чеҳраҳои муваффақи ин озмун Табассуми Ҷиёнхон, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод ҷойгоҳи хос дорад. Ӯ соли 2025 бо донишу ҷаҳонбинии васеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид ва имрӯз ҳамчун ҷавони фаъоли ҷомеа шинохта мешавад. Табассуми Ҷиёнхон мегӯяд, ки барои расидан ба чунин муваффақият заҳмати зиёд кашидааст ва маҳз меҳнату омӯзиши пайваста ӯро ба қуллаи пирӯзӣ расонидааст. Перомуни роҳи муваффақият ва ҳадафҳои минбаъда бо Табассуми Ҷиёнхон суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
- Боварӣ доштед, ки соҳиби Шоҳҷоизаи озмун мегардед?
- Ман аз рӯзҳои аввали иштирок кӯшиш мекардам, ки бо масъулияти баланд омодагӣ бинам ва тамоми донишу малакаи худро нишон диҳам. Албатта, орзу доштам, ки ба натиҷаи баланд ноил гардам, аммо бештар ба меҳнату талошҳои худ такя мекардам. Бовар доштам, ки меҳнати пайваста инсонро ҳатман ба муваффақият мерасонад. Барои расидан ба ин қулла заҳмату талошҳои зиёде кардам ва ин талошҳо маро ба қуллаи мурод расонид.
- Эҳсоси Шумо дар вақти гирифтани Шоҳҷоиза чӣ гуна буд?
- Он лаҳза барои ман яке аз хотирмону фаромӯшнашавандаи зиндагӣ гардид. Он эҳсосро бо сухан баён кардан бароям хеле мушкил аст. Эҳсоси хушҳолӣ, ифтихор ва масъулияти бузургро эҳсос намудам. Пеш аз ҳама, шод будам, ки тавонистам заҳмати чандинсолаи худро самаранок нишон диҳам ва боиси ифтихори волидон, устодон ва наздиконам гардам. Маҳз ҳамин муваффақият дар зиндагии ман тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст. Баъди гирифтани Шоҳҷоиза бештар эҳсос кардам, ки барои рушди минбаъдаи худ ва ҷомеа боз ҳам бештар талош намоям.
- Баъди гирифтани Шоҳҷоиза дар зиндагӣ чӣ тағйирот ба вуҷуд омад?
- Пеш аз ҳама, масъулияти ман бештар гардид, зеро ҳар як дастовард инсонро вазифадор мекунад, ки барои пешрафти бештар талош намояд. Ҳамзамон имкониятҳои нав барои рушди дониш ва фаъолияти минбаъда пайдо шуданд. Имрӯз бошад, роҳбари маҳфили “Ватанпарвар” дар ноҳияи Муъминобод ва роҳбари якчанд маҳфилҳои муассисаамон ҳастам. Маҳз ҳамин Шоҳҷоизаи озмун сабаб гашт, ки бо боварӣ ба худ ва қадамҳои устувор роҳи худро идома дода, ҳамон донишу малакаи омӯхтаи худро ба дигар иштирокчиёни озмун омӯзонда истодаам.
- Муносибати наздикон нисбати Шумо баъди гирифтани Шоҳҷоиза тағйир ёфт?
- Бале, муносибати наздикон аз рӯи эҳтиром ва қадршиносӣ бештар шуд. Баъди гирифтани Шоҳҷоиза боварии устодон, волидайн ба дониши ман зиёд гардид. Онҳо аз дастоварди ман хушҳол шуданд ва пайваста дастгириву роҳнамоӣ менамоянд. Аммо муҳим он аст, ки муҳаббат ва самимияти онҳо ҳамоно тағйир наёфта, танҳо ҳисси ифтихорашон бештар шудааст ва имрӯз наздикон маро ҳамчун намуна барои фарзандони худ пеш меоранд.
- Имрӯз кадом ҳадафҳоро дар назди худ гузоштаед?
- Ҳадафи асосии ман такмили донишу ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа мебошад. Ҳамчун гирандаи Шоҳҷоизаи озмун дар назди худ ҳадаф гузоштаам, ки таҷрибаи худро ба дигар иштирокчиёни озмун омӯзонам. Ҳамчунин, кӯшиш дорам, ки бо меҳнати содиқона ба Ватан ва ҷомеа хизмат намоям ва барои ҷавонони дигар намунаи хуб бошам.
- Дар фарҷоми суҳбат ба ҷавонон чӣ гуфтаниҳо доред?
- Ҷавонони имрӯза бояд бештар ба донишомӯзӣ ва истифодаи дурусти имкониятҳо таваҷҷуҳ намоянд. Ба назари ман, ҷавонони имрӯза, пеш аз ҳама, ба дониш, худбоварӣ, меҳнатдӯстӣ ва мақсадҳои равшан ниёз доранд. Дар баробари ин, истифодаи дурусти имкониятҳо, омӯзиши пайваста ва дурӣ ҷустан аз вақтгузаронии беҳуда метавонад онҳоро ба қуллаҳои баланди муваффақият расонад. Маҳз ҳамин омӯзишҳо, китобхониҳо ва боварӣ ба худ маро то қуллаи мурод расонидааст. Ба ҷавонон низ тавсия медиҳам, ки аз ин ҳама имкониятҳо самаранок истифода баранд ва рӯ ба китобу китобхонӣ оварда, дар оила ва ҷомеа саҳмгузор бошанд. Зеро ояндаи ҷомеа маҳз аз ҷавонони донишманду соҳибмаърифат вобаста аст.
АЗ ИДОРА: Воқеан ҳам, Табассуми Ҷиёнхон имрӯз намунаи ҷавони соҳибмаърифат, фаъол ва донишманд мебошад. Ӯ бо донишу ҷаҳонбинии васеъ, ахлоқи ҳамида ва меҳнати пайваста тавонист дар байни ҷавонон ҷойгоҳи хос пайдо намояд. Муваффақияти ӯ бори дигар собит месозад, ки расидан ба қуллаҳои баланд танҳо бо орзу маҳдуд намешавад, балки иродаи мустаҳкам, талоши пайваста ва муҳаббати самимӣ ба донишро талаб мекунад...
Шоҳҷоиза барои Табассум танҳо як дастоварди шахсӣ набуда, ин муваффақият ӯро ба масъулияти бештар ҳидоят намуда, водор сохтааст, ки барои такмили донишу ҷаҳонбинӣ ва хизмат ба ҷомеа боз ҳам бештар талош намояд. Ӯ имрӯз хуб дарк мекунад, ки ҳар ҷавони соҳибистеъдод бояд на танҳо барои пешрафти худ, балки барои рушди ҷомеа ва тарбияи насли наврас низ саҳмгузор бошад. Бо вуҷуди ҷавон буданаш, Табассум аллакай барои бисёр ҳамсолонаш намунаи ибрат гардидааст.
Фаъолияти ӯ дар самти илму адаб, ташвиқи китобхонӣ ва иштироки фаъолонааш дар чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки насли ҷавони тоҷик дорои неруи бузурги маънавӣ ва зеҳнӣ мебошад. Бешак, ҷавононе чун ӯ ояндаи дурахшони миллатанд. Зеро ҷомеае, ки ҷавононаш соҳибдонишу худогоҳанд, метавонад ба фардои боз ҳам ободу пешрафта қадам гузорад. Ӯ имрӯз бо азму иродаи қавӣ роҳи худро идома дода, талош дорад, ки бо фаъолияти пурсамар ва хидмати содиқона ба Ватан дар рушду пешрафти ҷомеа ва муваффақ шудани насли наврас саҳми арзанда гузорад.
Сабринаи САЙВАЛӢ, «Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Суҳбате доштем бо ду шоҳҷоизадори хатлонӣ. Дар ин суҳбат бо Ма-лика Ҳасанова, аз шаҳри Кӯлоб ва...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
