Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОН


КӮЛОБ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОН



Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи баамаломада ва рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз мавзеъҳои аз офат зарардида, аз ҷумла минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷойҳои хавфноки ҷараёни сел дидан намудан, ба масъулон ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои барқарорсозӣ ва таъмини амнияти аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Раиси вилоят бо сокинони зарардида мулоқот анҷом дода, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик огоҳ гардид. Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои расонидани кумаки ҳамаҷониба ба аҳолии осебдида тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Қайд гардид, ки корҳои тоза намудани маҷрои сойҳо, мустаҳкамсозии соҳилҳо, барқарор намудани инфрасохтори осебдида ва таъмини сокинон бо маводи ниёзи аввал дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Ҳамзамон ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки назорати доимии мавзеъҳои хавфнокро пурзур намуда, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои такрории офатҳои табиӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

Сокинон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайваста изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат мушкилоти баамаломада марҳила ба марҳила бартараф мегардад.

Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода