ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ АНДОЗ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 4 май дар толори Раёсати андози вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи кормандони андоз ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарияти Раёсати андоз, кормандони соҳа ва намояндагони нозироти андози шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар оғози ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Ашурбой Солеҳзода ба сухан баромада, аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик гуфт. Зикр гардид, ки низоми андоз яке аз сутунҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ буда, фаъолияти босамару содиқонаи кормандони он дар таъмини буҷети давлатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нақши калидӣ мебозад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки дастовардҳои соҳа дар солҳои охир маҳз натиҷаи заҳмати софдилонаи кормандони он мебошад.
Сипас, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Ҷӯрабеки Ҷумъа суханронӣ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки кормандони мақомоти андоз бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар самти ҷамъоварии андозҳо, иҷрои нақшаҳои буҷетӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон талош меварзанд.
Дар идомаи чорабинӣ саҳми арзандаи кормандони соҳа дар рушди иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ махсус таъкид гардида, як қатор фаъолони соҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати андоз бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Н. Самадзода, “Хатлон”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...