Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ №42


ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ №42




1 май, дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Восеъ аз рафти корҳои сохтмонии бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов, деҳаи Эмомтаърифӣ боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии муассисаи таълимӣ соли 1971 сохта шуда, бо дарназардошти афзоиши шумораи хонандагон ва фароҳам овардани шароити беҳтари таълим бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорони деҳа сохтмони бинои иловагӣ роҳандозӣ гардидааст.

Бинои нави таълимӣ аз 12 синфхона ва утоқҳои корӣ иборат буда, барои 340 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншооти мазкур бо сифати баланд бунёд гардида, ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омода ва мавриди истифода қарор дода мешавад.

Раиси вилоят зимни боздид иқдоми сокинону соҳибкоронро намунаи ибрат ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дастгирии соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълим барои насли наврас аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идома ба масъулон ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва сари вақт ба истифода супоридани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода